ВАТАНДӮСТУ ХУДШИНОС БОЯД БУД

Ватандӯстӣ асоси хизмати содиқона ба Ватан ва зиндагии шоистаи инсонӣ мебошад.
Шахси ватандӯст хонаву дар падару модар, фарзандон ва дар маҷмуъ, миллат ва кишвари худро дӯст медорад. Дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳол ӯ шахси содиқ аст ва баҳри ободкорию созандагӣ мекӯшад. Намегузорад, ки чизе вайрон ё нобуд гардад. Барои шахси ватандӯст  давлату миллату кишвар ва ҳар зарраи ин хоку бум муқаддас аст. Яъне,  ватандӯстӣ дар ҳақиқат, асоси поквиҷдонӣ ва садоқатро ташкил медиҳад. Пас, бояд ҳамаи мо талош намоем, ки поквиҷдону ватандӯсти ҳақиқӣ бошем, на дар сухан, балки дар амал.
Сардори  давлат  соли  2019  ҳангоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш вобаста ба вазифа ва рисолати омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир зикр намуданд: «Ҳадафҳои неки созандаву  бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону  омӯзгорон, олимону донишмандон ва, дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд,  ки  пеш аз ҳама, бо  донишҳои муосири  илмиву  техникӣ  мусаллаҳ  бошанд ва шогирдону  таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва  касбу ҳунар  сафарбар карда, ин қишри  фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи  баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Бояд  таъкид  намоем, ки ҳеҷ  гуна ватандӯстӣ  бе  ваҳдати  миллӣ  ва худшиносӣ ба даст намеояд. Шахси ватандӯст дар навбати аввал бояд худшинос бошад ва сипас, барои ваҳдати миллӣ саъю кӯшиш намояд. Аз ин мебарояд, ки ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ шохаҳои як дарахтанд, ки бояд якҷоя рушду  нуму  ёбанд.  Аз  ҷумла,  ваҳдати  миллӣ асоси ҳамаи дастовардҳо ба шумор меравад, зеро бе ваҳдати миллӣ ва  иттифоқу сарҷамъӣ расидан ба дигар ҳадафҳои воло номумкин аст.
Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки дар замони Истиқлоли  давлатиамон се ҳадафи стратегӣ: баромадан аз бунбасти  коммуникатсионӣ,  истиқлолияти эрнергетикӣ  ва  амнияти  озуқавориро пайгирӣ ва амалӣ намоем. Ҳоло ҳадафи чоруми стратегӣ –  саноатикунонии  босуръати  мамлакат дар  тамоми  ҷабҳаҳои созандагӣ  бомаром  идома дорад. Иҷрои ин ҳадафи  бузурги  миллӣ  боз  як  қадами бузург ба ҷониби фардои дурахшон, эҳёи навини  Тоҷикистон  ва  бунёди  давлати муваффақ ва сатҳи баланди зиндагии мардум хоҳад буд.
Тоҷикистони азизи мо дар муддати барои таърих начандон тӯлонӣ аз як кишвари гирифтори ҷанг ба кишвари босуботу пешрафта ва ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт.
Мо дар замони ноором дар минтақа ва ҷаҳон зиндагӣ мекунем ва ин зуҳурот моро барои таҳкими бештари ваҳдати миллиамон водор  месозад. Зеро ҳамин ваҳдати миллист, ки бо такя ба он  мо  бузургтарину  қиматтарин ва азизтарин дастоварди таърихии худ Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро метавонем пойдор бидорем ва аз он пуштибонӣ кунем.
Расидан ба ваҳдати миллӣ ва дӯст доштани Ватану миллату бе  сатҳи  баланди худшиносӣ ба даст намеояд. Худшиносӣ, пеш аз ҳама, эҳсосу дарки зарурати ваҳдат ва якпорчагии обу хок ва марзу буми миллӣ,  эҳсоси дӯстӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа,  дарки зарурати иттифоқ, ҳамбастагӣ чун як тану як ҷон аст. Барои ҳифзи ҳувияти миллӣ  ва  бақои миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи  худшиносӣ хеле зарур аст. Зеро ҷавоне, ки ҳувияти миллӣ дорад, манфиати миллиро дар ҳама ҳолат  ҳифз мекунад ва арзишҳои миллиро болотар аз ҳама гуна арзишҳо мегузорад, бо андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи қавӣ  миллату давлат ва муқаддасоти  онро аз ҳама гуна зуҳуроти  номатлуб  ва равандҳои манфии ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ  дошта,  сипари боэътимод дар  муқобили  гаравишҳои ифротӣ мегардад.

Қамчинбой САРМИСОҚОВ,
муовини директор оид ба тарбияи
МТМУ №35, ноҳияи Данғара,
Аълочии маорифи Точиистон