ВАСФИ «РОҒУН» РИСОЛАТИ ЭҶОДКОРОН АСТ

Сафару боздиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз НБО “Роғун” такони ҷиддие дар роҳи таблиғу ташвиқи ин сохтмони бузург гардид. Дар ин маврид дастури Сарвари кишвар вобаста ба раванди бунёди ин иншооти аср як омили дигар дар ваҳдату ҳамдиливу бунёдкории халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Зеро сулҳу бунёдкориву ваҳдат шеваю шиори аслии заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлати мост.
Дастури Президенти мамлакат бобати васфу инъикоси диловариву заҳматҳои бунёдгарони  НБО  “Роғун” аз ҷониби кулли эҷодкорони  кишвар (нависандагон, шоирон, публитсистон, журналистон,  санъаткорон  ва  ғ…) айни муддаост. Чанд сол қабл мо — як гурӯҳ устодону кормандони донишгоҳ аз сохтмони  ин  неругоҳ  дидан  намуда  будем. Шукӯҳу  ҳашамати  ин  сохтмон  ҳамаи моро  ба  ҳайрат  овард.  Дар зери замин садҳо нақбу дастгоҳу коргоҳҳое вуҷуд доранд, ки  монанд ба як шаҳраки  саноатист  ва  он  ҳама  муъҷизаи  дастони тоҷики бунёдкор аст. То он замон ҳама чизро нисбат ба “Роғун” танҳо ба зоҳир медидем.
Бидуни муҳобот, НБО “Роғун” саргаҳи таҳаввулоти азим дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии халқи  тоҷик мегардад ва ба он аз имрӯз бояд  арҷ гузошт. Албатта, чизеро инкор намудан намехоҳем ва қаламкашону эҷодкорони кишвар нисбат ба ин неругоҳ бетафовут нестанд. Аммо чанд  гузоришу хабар ва хотираю ёддоштҳои сарироҳӣ асрору ҷавҳару  мантиқи аслии ин сохтмонро кушода дода наметавонанд. Танҳо диди фардии адибу эҷодкори асил ҳақиқати Роғунро кашф карда метавонад.  Ҳатто дар замони  Шӯравӣ низ нисбат ба инъикосу фарогирии корҳои  сохтмонии неругоҳи мазкур муносибати амиқ вуҷуд надошт. Мо ин  андешаро дар қиёс ба НБО “Норак” мегӯем. Бубинед, ки вобаста ба  Норак чӣ қадар адибону эҷодкорони пурзавқи мо вассофиҳо достонҳо, романҳо, повестҳо, очеркҳо ва филмҳо офаридаанд.
Дар замони Шӯравӣ вобаста ба неругоҳи “Роғун” дар рӯзномаи ноҳиявии “Меҳнати коммунистӣ” (алҳол “Набзи Файзобод”) як  саҳифаи махсус бо забони русӣ мебаромад, ки барои мутахассисону коргарони  рус ва дигар халқиятҳои собиқи Шӯравӣ нигаронида шуда буд, ки дар ин сохтмон ширкат доштанд. Масъули ин саҳифа журналисти русзабон Олга Чистопрудова буд. Соли 1986  Роғун мақоми шаҳрро мегирад ва ба таври алоҳида инъикоси раванди сохтмон ҷараён пайдо менамояд, ки он низ кифоя дониста намешавад. Тавре ишора гардид, чунин доираи  инъикос  маҳдуд буд. Аз ҷониби  дигар,  солҳо  зарур  аст, ки  як  эҷодкор  набзи ҳақиқии ин иншоотро дарк намояд. Публитсист У. Шерхон дар як китобаш дар бораи Файзулло Абдулло ном чеҳранигору публитсисти маҳаллӣ дар бунёди нақби Себистон чунин овардааст:  «Тӯли  ҳашт  соли корӣ (1981-1988) ба ҳайси мухбири махсус дар ноҳияҳои Данғараву Совет шабу рӯз ҳамроҳи нақбканони Себистон роҳ паймудааст. Дар қаъри 200-240 метри замин, дар шахтаҳои дуюму сеюм ҳамроҳи нақбканон буд… 55  очерку мақола ва қариб 120 хабару лавҳа навишта, дар рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳурӣ ба табъ расонидааст».
Алҳол бунёди НБО “Роғун” идома дорад. Хуб аст, ки адибону журналистон ва умуман, аҳли эҷоду зиёӣ ба он таваҷҷуҳ пайдо намудаанд. Хуб мешавад, ки дар баррасиву инъикос, тарғибу  ташвиқ  ва таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни ин иншоот ба самтҳои зерин дар алоҳидагӣ ба таври мушаххас таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад:
— НБО “Роғун” таърихи тӯлонӣ дорад, ки маҳз дар  замони истиқлол  бо азму иродаи бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бунёди он имконпазир гардид. Таҳияи филмҳои бадеиву мустанад дар ин бора муҳим аст;
—  Таълифи повесту роману қиссаҳои марғуб дар бораи  асосгузорону кормандони фаъоли он як саҳифаи таърихи миллати бунёдкори тоҷик ба шумор меравад;
—  Ҳамагуна иншоот, ки арсаи заҳмат маҳсуб меёбад, бидуни  қаҳрамонони худ вуҷуд дошта наметавонанд. Онҳоро бояд ҷустуҷӯву пайдо ва ҳамчун намунаи ибрат  ба  омма муаррифӣ  кард. Имрӯз дар ин неругоҳ ҷомеаи меҳнатии иборат аз 10 ҳазор нафар заҳмат мекашанд. Ин чеҳраҳои заҳматписанду диловарро бояд васф намуд, ки дар шароити душвори кӯҳистон шабу рӯз меҳнат мекунанд;
—  Ба оҳанг даровардани шеъру сурудаҳои беҳтарини шоирони шинохта дар бораи “Роғун” як василаи беҳтарини тарғиби ин иншооти аср мебошад;
—  НБО “Роғун” аҳамияти байналмилалӣ дорад ва ҳамзамон, дар он намояндагони даҳҳо миллату халқиятҳо заҳмат  мекашанд,  ки  дӯстиву  рафоқату садоқати онҳоро бояд аз чандин равзана инъикос намуд;
—  Халқи тоҷик бояд бетафовут набошад ва  ҳатман  донад,  ки  НБО “Роғун” барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад ва кишвари мо содиркунандаи бузурги неруи барқ дар минтақа мегардад;
—  Бунёди НБО “Роғун” як намунаи олии кам кардани  ифлосшавии  ҳаво ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳо дар оянда ба таври амиқ ба энергияи газу нафт кам такя карда мешавад;
—  НБО  “Роғун”  ба  манфиати  тамоми  кишварҳои  минтақа  буда,  бунёду мавҷудияти он мушкилоти азими тағйирёбии иқлиму  хушксолиҳоро  аз байн мебарад;
—  Солҳое буданд, ки бунёди ин неругоҳро муҷиби хушкшавии баҳри Арал меҳисобиданд. Баҳри Арал бе бунёди ин неругоҳ хушк гардид ва  акнун баръакс барои обёрии ин баҳр мусоидат менамояд;
— НБО “Роғун” барои аз байн бурдани буҳрони энергетикӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон амиқан мусоидат  мекунад ва ин масъаларо дар сатҳи минтақаву ҷаҳон бояд баррасӣ намуд;
—  Тоҷикистон ба кишвари саноативу аграрӣ табдил  меёбад  ва  НБО  “Роғун” заминаи аслии ин ҳадаф аст;
— Ҷои бадӣ надорад, ки рисолаҳои илмии риштаҳои филологиву  журналистӣ (таҳқиқи  илмии осори адибону публитсистон доир ба ин масъала) ба таври мушаххас ба сохтмони ин неругоҳ ихтисос дода шаванд;
—  Ва  ниҳоят,  васфи  “Роғун”  низ  кор аст. Зеро он ҳамчун мактаби заҳматдӯстӣ илҳомбахш ва такондиҳандаи ҷараёни корҳо ба ҳисоб  рафта, ба таври ноаён як саҳифаи муҳими ҳаёти бунёдкоронаи халқи тоҷикро барои наслҳои оянда менависад.

Ғафур МУХАМЕТОВ,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устодони ДМТ