БИЁ, ТО ҶАҲОНРО БА БАД НАСПАРЕМ!

Мубориза ба терроризму экстремизм кори ҳамагонист

Волотарин орзуву армони ҳар як халқу миллат ва ҳар як фард дар муҳити гарму гуворо, дар оғӯши меҳрбори Ватан қарор доштан ва зиндагие шоиста ба сар бурдан аст. Инсонҳо дар ҳама гӯшаву канори дунё, пеш аз ҳама, таманнои онро доранд, ки рӯзгорашон тинҷу осуда ва кишварашон ободу озод бошад, аз ҳавои софу беғубор нафас бикашанду бо дили беғам ба бунёдкориву созандагӣ машғул бишаванд.

Умари Хайём, ин донишвару шоири бузург, ки бо гузашти садсолаҳо шуҳрати ҷаҳониаш ҳамвора меафзояду эътибору эътимоди ҳамагон ба сухани баланду дилписандаш солафзун, балки рӯзафзун аст, даъват аз аҳли башар мекунад:

Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣгузарад.

Ва ин мазмунро хирадмандону қаламкашони зиёде батакрор таъкиду  таъйид кардаанд. Аз ин  рӯ, ҳар давлати тамаддунпарвару мардумгаро  бар он мекӯшад, ки барои аҳли кишвар ҷиҳати ҳаёти шоиставу пурфурӯғ  шароити мусоиду мувофиқ фароҳам  биоварад, мамлакатро дар дасти  адлу адолат нигоҳ дорад. Аз ҷониби дигар, «то ҷаҳон буд аз сари одам  фароз», некию бадӣ, адолату ҷиноят, вафою ҷафо, шебу фароз… паҳлуи ҳам будаанду барои бартарӣ пайдо кардан талош доштаанд. Ашхоси тангназару сияҳдил, бадхоҳу пурғараз, манфиатҷӯву ҷоҳталаб дар ҳама  айём  арзи ҳастӣ доштаанду имрӯз ҳам дар ҷомеаи  мо  вуҷуд доранд ва ҳамеша фикру зикрашон ба сияҳкориву моҷароҷӯӣ банд аст.  Муборизаи неку бад бардавом аст ва хушбахтона, дар ин ҷода ҳамеша неруи аввал (некӣ) дастболост ва вобаста ба ин, алорағми кулли кӯшишу талошҳои  неруҳои бадхоҳу нотавонбин ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста  пешрав  асту ҳаёти инсоният марҳила ба марҳила шукуфотару дилработар мешавад. Ин  таъкиди  шоир  собитгари воқеияти мазкур аст:

Ба некӣ шавад чашм равшан туро,
Зи ҳар бад бувад нек ҷавшан туро.

Накукорӣ, созандагӣ, хушманишию башарпарварӣ ҷавшани мардуми  хайрхоҳу рострав аст дар мубориза бар зидди тамоми неруҳои бадниҳоду каҷамал.

Садсолаҳо қабл аз ин Фирдавсии сухангустар ва ватанпарвар чӣ  қадар самимона, адолатпарварона, бо камоли муҳаббат ба зиндагии  пурнишоту файзбор нидо бар аҳли тамаддун, бар мардуми хушгуҳару волоназар кардааст:

Биё, то ҷаҳонро ба баднаспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем!

Чунин ба назар мерасад, ки дар ҷомеаи имрӯзини мо муборизаи неку бад вобаста ба талошу зиддиятҳои ашхоси алоҳида, созмону  ташкилотҳои гуногун боз ҳам шиддат гирифтааст. Ҳамбаста ба тағйирот дар ҷомеа –  дастовардҳои  илму  техника, иҷтимоиёту  иқтисодиёт  акнун ин ихтилофот шаклу ҳадафу тарзу тариқи худро такмил бахшида.  Неруҳои бадхоҳ дар арсаи олам бештар мусаллаҳ мешаванд  ва  домани фаъолияташонро вусъат мебахшанду сафашонро аз ҳисоби  нотавонбинон, ҷинояткорон, сарватхоҳон, мансабталабон,  интиқомҷӯён, сабукфикрон,  хоинон  ва  ба вижа,  аз  ҳисоби  ҷавонони камтаҷрибаву  зудбовар  пайваста  меафзоянд.  Бадхоҳон  гӯё ба  чашм  пурбин гирифтаанд, ки ранҷидахотиреро  ҳар  куҷо зуд дармеёбанд ва филфавр рӯй ба ӯ меоваранду худро ғамхору додрас  муаррифӣ  мекунанд ва батадриҷ  ба  тори  манҳуси  худ мепечанду  ба  бадбахтиаш  мусоидат  мекунанд, ба он  боис мегарданд,  ки оқибат  ин  шахс нокому нафратзада мешавад ва ҳаёташ бо фоҷеа анҷом мепазирад. Он ҷо, ки андак ихтилоф ё ноҷӯрие  сар  мезанад,  бадтинатону  бадхоҳон  гӯш  чур  мекунанд,  аз  пашша  фил  месозанд ва мекӯшанд, ки аз ин ҳодиса ба ғаразҳои нопоки худ «ҷомаи фохира»  пӯшонанд,  худро  пушту паноҳи адолат эълон бикунанд. Дар даврони мо ҳама каҷамалу каҷниҳодон  дар  гурӯҳҳои  террористию  экстремистӣ  ба  ҳам омадаву ба амалиёташон вусъат бахшидаанд. Неруҳои иртиҷоии байналмилалӣ имрӯз дар  саросари сайёра реша давондаанд, мусаллаҳанд ва мутаассифона, аз тарафи баъзе ашхосу созмонҳои доро  (ва  чанде  аз  кишвраҳои тамаъҷӯ)  маблағгузорӣ ҳам мешаванд. Амалиёти пурзиёну бераҳмона ва  даҳшатбори террористон дар чанде аз манотиқи олам дар давоми 15-20 соли охир (аз ҷумла, дар Афғонистону Ироқу Сурия ва Амрикову  Русия…)  сурату  сирати  манфури ифротгароёнро ба тамоми мардумони сайёра рӯшантару саҳеҳтар ошкор кард ва боз ҳам таъкид сохт, ки неруҳои бадхоҳи ҷомеаи кунунии мо дар роҳи амалисозии хостаҳову ғаразҳои мудҳишу нопоки хеш ба ҳама гуна аъмоли бешарафонаву  тахрибкорона қодиранд ва барои онҳо ҳаёти  инсонҳо, дастовардҳову бунёдкориҳои мардум, халқу кишварҳо ҳеҷ арзише надоранд. Ва ин вазъи номуборак тақозои онро дорад, ки дигар дар тамоми олам мубориза бар зидди терроризму экстремизм вусъат бахшида шавад, мардумони тамаддунпарвар бо ҳадафи пешгирии аъмоли  зиёнбори  ин  гурӯҳҳои ифротгаро бештар муттаҳид бошанд ва тахрибкоронро аҳлона маҳкуму  саркӯб  кунанд.  Ҳоло дар  ҳама  ҷаҳон  ҳамин  гуна ҳолат  ба  мушоҳида мерасад ва тамоми халқҳои ҷаҳон, дар ҳама кишварҳо якдилона терроризму экстремизмро  маҳкум мекунанду  ба  муқобили  он мубориза мебаранд. Қувваҳои  иртиҷоӣ муқовимат доранд, амалиёти ноҷавонмардонаву пурзиёни худро идома мебахшанд, вале дар  маҷмуъ  ноком мемонанд, зеро чоҳканро ҳамеша  чоҳ  дар пеш асту «бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад». Шикасти бадӣ дар бархӯрд ба некӣ қонуни нонавишати  азалиест,  ки  ҳамеша риоя мешавад.

Ифротагроӣ, терроризм ва экстремизм бо таҳдиду зӯроварӣ, тахрибкориву даҳшатафканӣ, бенизомиву  парокандагӣ, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатию ҷамъиятӣ, кӯшиши тағйири сохти конститутсионӣ, ба  даст овардани давлату сарват, барангехтани низоъҳои миллию иҷтимоӣ  ва динӣ қаробати ҳамешагиву ногусастанӣ дорад. Ифротгароён дар  ҷодаи амалисозии аҳдофи нопоку ғояҳои манҳуси худ аз пасттарин  амалу кирдору рафтор худдорӣ намекунанд ва барои эшон хиёнату  разолат, макру ҳиял, дурӯғпароканӣ, туҳмат, бетараҳҳумӣ, ҳабисӣ, ҷаҳолат… омоли доимию  муқаррариянд. Аз ин рӯ, чеҳраи манфур, чеҳраи сахт  касифи  аҳриманона  доранд  ифротиён.  Ба  башараи сарду  тираи ҳар як ифротгаро (дар  телевизиону интернет,  дар рӯзномаву маҷалла…) бингариста, ҳар шахси нексиришт беихтиёр  ба  гунаи  нафринномае  ба иблисе батакрор ба забон хоҳад овард:  «Тфу  бар  ту,  эй  фарди малъун, тфу!»

Он гуна ки хаффош аз рӯшанӣ меҳаросад, он гуна ки бум тавони дидани ободиро надорад, он гуна ки рӯбоҳ аз шер метарсад, он  гуна  ки  шайтон  аз  Қуръон мегурезад, он гуна ки фарзанди нохалаф аз падар сар мепечад… ифротгаро  аз  некиву  накукорӣ ҳазар мекунад.

Мардуми меҳанпарасту хайрхоҳ ва нексиришти тоҷик табиатан  танаффур ба ифротгароён ва ҳама гуна неруҳои аҳриманӣ доранд. Аз  қадим дар гӯишҳои мардумӣ, дар зарбулмасалу мақол, дар адабиёти  бадеӣ ва дар  расму оини ин халқи тамаддунгаро бадию бадкорӣ  сахт  маҳкум шудааст. Ва  имрӯз низ тоҷикони тоҷвар бо сарварии Пешвои муаззами хеш, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста алорағми ифротгароён  ва  кулли  неруҳои бадхоҳи  ҷаҳон  садо  баланд мекунанду мушт гиреҳ. Эшон  ба ҳамлаҳои  ноҷавонмардонаи қувваҳои зишту ифротӣ тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва  дигар воситаҳои иттилоотӣ посухи сазовор, посухи даҳонбанду  шармандасоз  медиҳанд. Халқи адолатпарвару  бунёдкори  тоҷикро, ба  вижа, ин, ки ифротгароён дини мубини Исломро сипар ба омоли иблисии худ кардаанду  радикализми  диниро  вусъат  бахшидаанд, сахт  ба хашм овардааст. Дини поки ислом ҳеҷ иртиботе бо тахрибкорон надорад ва баръакс он дар саросари ҷаҳон чун дини адолатпарвару  тамаддунгаро, чун ҳомии саодати инсонҳо маъруф  аст, ҷангро,  кинаву  адоватро, вайронкориву хиёнатро, носозиву нопокиро  шадидан  маҳкум  мекунад. Пурсамартарин, пурасартарин ва боровартарин роҳи муқовимат бар терроризму экстремизм дӯст доштани Ватан, халқу  миллат, пайваста дониш омӯхтан ва дар ҷодаи ободонии кишвари азиз кӯшидан аст. Дар ин самт боядо, пеш аз ҳама, ҷавонони арҷманди  мо  кӯшову ҷасоратманд  ва  ҳушёру  бедор бошанд. Беш аз ҳафтсад сол пеш аз ин Хайёми донову тавоно ба таъкид садо баланд карда буд:

Ҳуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст,
Эмин манишин, ки теғидаврон тез аст!

Инсон, то ки зиндагии шоиставу дилхоҳ ба сар  барад, бояд ҳамеша ҳушёр, дар талошу такопӯ бошад ва нек донад, ки ҳаёт тавъам бо талошу мубориза аст, неруи аҳриманӣ доимо дар камин қарор дорад,  онро бояд пайваста саркуб кард…

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»