Хотирае, ки дар дилу ёдҳо монда

Чоруми майи соли 1984. Ҳамон сол мактаби миёнаро хатм мекардам. Ба хона омадаму падарам хушҳолона хабар доданд, ки пагоҳ гурӯҳи калони аҳли эҷоди  нашрияи «Газетаи муаллимон» бо мусоидат ва раҳнамоии шуъбаи маорифи ноҳия, таҳти роҳбарии мудири вақти шуъбаи маориф, марди шариф ва мактабшиноси  шинохта, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шуравӣ Очилдӣ Азизов ба мактаби деҳаамон меҳмон мешаванд.

Онҳо тасмим гирифтаанд, ки бо фаъолияти омӯзгорон ва шогирдони  мактаби мо ошно гардида, барои боз ҳам равнақ ёфтани вазъи таълиму тарбия, пешрафти фаъолияти омӯзгорон маслиҳату машварат дода, бо хонандагон вомехӯранд  ва  як шабнишинии адабӣ ҳам созмон доданианд. Агар бо онҳо вохӯрдан хоҳам, пагоҳ ҳатман дар мактаб ҳозир шавам.  

Дар омади гап бояд гӯям, ки падарам шодравон Саидаҳмад Ҳомидов (рӯҳашон шод бод!) тӯли 43 сол ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби деҳаамон (мактаби рақами 45, ноҳияи Рӯдакӣ, ҳоло рақами 121 – и ноҳияи Фирдавсӣ) ба шогирдон дарс  гуфтаанд. Дар баробари ин, 35 сол иҷрои вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмиро (он вақт ҳамин тавр мегуфтанд) ба уҳда доштанд. Дар синфе  таҳсил мекардам, ки аз забон ва адабиёт падарам дарс медоданд ва аз ин рӯ, ҳамеша зери назорат қарор доштам. Қиблагоҳам ба 10 – 12 номгӯй рӯзномаву маҷалла обуна мешуданд ва пас аз мутолиаи падар онҳо аввал ҳатман ба дасти ман мерасиданд. Пайваста ба мутолиа мепардохтам ва ин ба як навъ шуғли доимиам мубаддал гардида буд. Дар байни ин нашрияҳо ҳатман «Газетаи  муаллимон»  низ буд. Пас аз мутолиаи аҳли хонадон ҳамаи нашрияҳо боз ба дасти ман мерасиданд ва онҳо ҳатман бастабандӣ мешуданд.

Вақте  падар аз вохӯрии аҳли рӯзнома хабар доданд, хурсандиамро ҳадду канор набуд. Зеро қисми зиёди меҳмонони меомадаро   ғоибона, аз рӯйи навиштаҳову суханрониҳояшон дар «оинаи нилгун» низ борҳо дида будам. Бар замми ин, дар байни онҳо адибони аллакай шинохта ҳам буданд. Дидори онҳоро барои худ ифтихор ва дар айни ҳол зарур мешуморидам.

Ниҳоят, пагоҳии барвақт ба мактаб шитофтам. Дарс ҷараён дошт ва ҳушу ёдам побанди омадани меҳмонон буд. Пас аз чанде занги  мактаб ҳам садо дод. Ҳама ба берун баромадем. Ногоҳ дидем, ки чанд мошини сабукрав дар назди дарвозаи мактаб қарор гирифт. Омӯзгорон, кормандони техникӣ ҳама ба пешвози меҳмонон баромаданд. Мо, хонандагони синфҳои болоӣ, низ ба гурӯҳи меҳмонон наздик шудем. Ман аз ҳама пеш  Бобо Насриддинов – адиби шинохта ва рӯзноманигори соҳибқаламро, ки навакак, ҳамагӣ  ду  сол пеш,  сармуҳаррири «Газетаи муаллимон» таъйин гардида буд, шинохтам. Зоҳиран хеле ҷиддӣ ба чашм мерасид. Аммо вақте  бо ҳама дастфишорӣ мекард, дар симояш як навъ хайрхоҳие ба назар мерасид, ҳалиму хоксор менамуд. Одоби меҳмондорӣ, пазироии  гарм бо ҳама анҷом ёфту мо, бачаҳо, аз издиҳом дуртар, дастҳо пеши бар, ба маънои «хуш омадед» хушҳолона ба меҳмонҳо менигаристем. Аз чунин амали мо Бобо Насриддинов хеле ба ваҷд омаду ба ҳамроҳонаш ишора кард:

  — Ояндаи мо, ана, ҳамин бачаҳоянд.

Баъд вай  даст дода,  бо ҳар кадоми мо суҳбат намуда, аз хонишу иштирок дар корҳои ҷамъиятиамон пурсон гардид. Дар охир таъкид кард, ки бояд нағз хонему ба мактабҳои олӣ дохил гардида, саводнок шавем, то ки фоидаамон ба ҷомеа расад. Ин амали ӯро дигар ҳамроҳонаш – Ҳикмат Раҳмат, Дорои Дӯст, Бобо Расулзода, Самиюлло Сайфуллоев, Саидаҳмад Қаландаров, Гадойбой Ӯзбеков (Сармад), Нафасбек Раҳмонӣ ва дигарон низ пайравӣ карда, бо мо хеле самимона суҳбати сарироҳӣ  оростанд.  

Вохӯрӣ ҳам сар шуд. Як навъ суҳбати озоду самимӣ, меҳрубононаю  хайрхоҳона буд он вохӯрӣ. Ҳама хушҳолу фархундарӯй, аз он меболидем, ки бо одамони шинохта вохӯрда, оид ба баъзе масъалаҳои  ҳаёти адибон, аз  ҷумла, ба шеъру шоирӣ, нависандагӣ ва фаъолияти журналистии онҳо мароқ зоҳир намуда. саволҳо додему ҷавобҳои пухтаву мукаммал гирифтем.

Қисми дигари вохӯрӣ ба базми шеъру суруд табдил ёфт. Бо қувваи маҳфили ҳаваскорони мактаб рақсу сурудҳо пешкаш гардид. Аз ҷумлаи меҳмонон, онҳое, ки синну солашон ҷавонтар буд, аз тарафи хонандагони мактаб ба рақс кашида шуданд. Аслан, ба ин қисмати вохӯрӣ худи сармуҳаррир сабаб гардиданд.  Чун садои доираву рубоб баланд  шуд, он кас дар ҷойи нишасташон бо хушҳолӣ дастҳояшонро ба зарби мусиқӣ мувофиқ алвонҷ дода, ҷунбондан гирифтанд. Аз ин шогирдони мактаб рӯҳ гирифта, меҳмононро ба рақс даъват намуданд. Хуллас, базми хубе шуд, ки ногуфтанӣ.

Акнун бояд ба хона бармегаштем, чун меҳмонон аз рӯйи нақша дар қисми дуюми рӯз дар ҷойи истироҳатбоби ҳамсоядеҳаамон — Ҷарак (ҳоло Сафобахш, ки тобеи шаҳри Ҳисор аст)  дам мегирифтанд. Воқеан, он ҷо мавзеи зебоест. Соҳили Кофарниҳон, моҳиён, байни гулу гиёҳ. Падарам, чун медонистанд, ки бо чунин ашхоси барӯманд будан бароям хеле гуворост, гуфтанд, ки агар хоҳӣ, бо мо меравӣ, аздусар он ҷо ёрдамчиҳо намерасанд. Ҳамин сабаб шуду бо хоҳиши том бо меҳмонон ҳамроҳ рафтем. Вазифаи банда аз чой дам кардан, моҳиёнро тоза намудан, дар умум, дастархондорӣ иборат буд. Ин амал  бароям баҳонаи хубе шуд. Зеро ҳар гоҳ ба нишастгоҳ наздик мешудам, ба симои ҳар кадоме синчакорона нигариста, кайфияташонро эҳсос менамудам.  Яъне, хулоса мекардам, ки хотири меҳмонон болидаву аз деҳаамон бо таасуроти хуш бармегарданд. Ҳамон рӯз то бегоҳ суханони гарму  самимӣ, қиссаҳои намакину  ҳазлу шӯхӣ, мутоибаю латифагӯӣ маҳфилро гарм нигоҳ медошт. Дар ин вохӯрӣ суратгири рӯзномаи «Ҳисори шодмон»-и шаҳри Ҳисор Абдузоир Остонақулов низ ҳузур дошт ва лаҳзаҳои нишастро бо ҳавсалаи том аккосӣ мекард. (Аксе, ки мебинед, тасвири ҳамон лаҳзаҳост).

Ҳамин вохӯрӣ сабаб шуду меҳрам  ба касби рӯзноманигорӣ боз ҳам қавӣ гардид. Дидам, ки меҳмон, журналисти варзида, донандаи хуби забони арабӣ, ҳамноми  падарам Саидаҳмад Қаландаров дар гӯшае суҳбати гарму самимӣ доранд. Онҳо маро наздашон даъват карданд. Падар маро ба он кас шинос кардаву дар охир гуфтанд, ки ӯ ҳам (яъне ман) ҳамкасби шумо шуданист. Меҳмон аз ин сухан хурсанд шуда, гуфт, бигузор хонад, омӯзад ва рӯзноманигор шавад. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин рӯзноманигорӣ касби хеле пурзаҳмату масъулиятнок мебошад. Бинобар  ин,  дар масъалаи интихоби касб эҳтиёт шудан ба фоидаи кор аст. Ман, аз синфи панҷум ба навиштани хабару лавҳачаҳо шуғл доштаму навиштаҳои нахустинам дар рӯзномаҳои ноҳиявию ҷумҳурӣ баъзан чоп мешуданд. Яъне, як навъ заминае барои интихоби касби ояндаам ба вуҷуд омада буд. Ниҳоят, Саидаҳмад Қаландаров ба қиблагоҳ маслиҳат доданд, ки ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ки таҷрибаандӯхтаанд, навиштаҳояшонро ба рӯзнома фиристанд.

Воқеан, ҳамон сол ба УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шудаму пас аз хатми курси якум тавассути озмун ба гурӯҳи  журналистии факултети филологияи тоҷик пазируфта шудам. Акнун байни С. Қаландаров ва қиблагоҳ мисли курер (хаткашон)  хизмат мекардам: навиштаҳои қиблагоҳро бурда ба ҳамномашон месупоридам. Чунин ҳамкориҳо натиҷаи нек дод. Якчанд навиштаи падарам рӯйи чопро дид. Ман, ки риштаи рӯзноманигориро интихоб карда будам, ба ин баҳона аз навиштан, таҳрир ва то нашр шудани  мақолаҳо бохабар мегардидам, аз онҳо меомӯхтам.

Пас аз хатми донишгоҳ дар чанд нашрия адои вазифа намудам, бо дигар рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамкориро ба роҳ монда, зарра – зарра донишу маҳорат, малакаи қаламкашиям афзудан гирифт. Вале ба гумони ғолиб, ҳамон вохӯрӣ ва маслиҳату машварати кормандони нашрия сабаб шуданду меҳр ба ин касби заҳматталаб афзун гардид. Инак, даҳ сол аст, ки тақдир маро ба даргоҳи ҳамин нашрия овард ва рисолати  бузургонеро, ки корро дар ин ҷо шуруъ ва идома дода буданд, давом дода истодаем. Ифтихор аз он дорам, дар даргоҳе фаъолият мекунем, ки дар он адибону олимон, журналистони шинохтае  чун Баҳром Сирус, Абдураҳмон Бухоризода, Ӯрун Кӯҳзод, Фазлиддин  Муҳаммадиев, Бобо Худойдодов, Бӯринисо Бердиева, Бобо Насриддинов, Бозор Собир, Ҳабибулло Файзулло, Гулназар Келдӣ, Мастон Шералӣ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Зулфия Атоӣ, Самиюлло Сайфуллоев ва номварони дигар кору фаъолият кардаанд. Омӯзиши шеваи фаъоияти онҳо барои мо давомдиҳандагони кору пайкори эшон, як навъ мактабест, ки онро то охир бояд омӯхт ва баҳраҳо бардошт.

Дар остонаи ҷашни 90 – солагии таъсиси нашрияи «Омӯзгор» қарор дорем. Албатта, солиёни зиёде сипарӣ гардид, вале ҳадафи рӯзнома ҳамон аст: инъикоси воқеаҳои ҳаёти маърифатию илмӣ ва фарҳангии ҷумҳурии соҳибистиқлоламон. Боиси сарфарозии мо, аҳли қалами нашрия, аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни садсолагии матбуоти тоҷик ба ҳафтаномаи мо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Аз ҷумла, Сарвари кишвар дар ин тантанаи бошукӯҳ бо хушнудӣ зикр намуданд, ки: «…Рӯзномаи «Омӯзгор» оид ба масоили забону адабиёт ва матбуоти кишвар бо иштироки олимони забоншинос суҳбатҳои густурдае барпо кард, ки иқдоми хуб ва ибратбахш аст». Мо аз чунин баҳои олиии Роҳбари давлатамон нисбат ба нашрияамон меболем ва дар оянда низ дар ҳамин самт рисолати азалиамонро идома хоҳем дод.

 

Ҳотами  ҲОМИД,
 «Омӯзгор»