УСЛУБИ БАЁН ВА ТАНЗИМИ ОН

Дар китоби «Забони модарӣ» ва «Роҳнамо»-и он оид ба нақли хаттӣ, иншо ва эссеи хурд ва тартиби навишта шудани матн дар синфи ибтидоӣ оварда шуда бошад ҳам, роҳу усулҳои офаридани матн нишон дода нашудааст.
Барои эҷод намудани матн дар  ҳаҷми  60-70  калима дар  синфҳои  ибтидоӣ дар 30 дақиқаи вақти муайяншуда ҳатто омӯзгор матн эҷод карда наметавонад. Барои бо ин миқдор калима матн эҷод кардан,  якунимду соат вақт лозим аст.
Ҳамкасбони  азиз,  ин  ҷо  зарур  донистем  оид  ба  офаридани матн  нақли  хаттии синфи ибтидоии зеринро мисол орем. Бо чунин услуб  нақл навиштан гуноҳи кист? Хонанда ё омӯзгор? Яке аз дарсҳои мушкил навиштани нақлу иншо аст. Вақте ки омӯзгор супориш медиҳаду ба кори  дигар  машғул  мешавад, аз хонанда чунин нақлро гирифта, дар санҷиши он хафа мешавад.
Нақли  хаттӣ  (айнан)  Рубоҳи гурусна.
“Буд, набуд як рӯбоҳ буд. Ӯ зирак буд. Вай макор буд. Дар назди як  деҳа зери дулона лона сохта буд. Дар зимистон хунук хӯрда хеле  гурусна монда  буд.  Барои мурғ ба деҳа омада дар дом руст монда мурда буд…”
Ин нақли хаттиро аз ҷиҳати имло, услуб ва аломати китобатӣ назди хонандагон мавриди муҳокима ва таҳлил қарор медиҳем. Аввал дар  бораи навишта шудани ин нақл, фикру мулоҳизаҳои хонандагон ба ҳисоб гирифта мешавад.
Суҳбат: оё бо чунин услуб навиштани  нақл  ба  шумо  маъқул аст? Нақл чӣ хатоҳо дорад? Дар нақл кадом калимаҳо хато навишта  шудаанд? — Макор, дулона, рубоҳ. Дар матн чандто аломати вергул лозим? – Сето. Чанд маротиба калимаи “буд” такрор шудааст?  –  Ҳафт  маротиба. Калимаи “як” чанд бор истифода шудааст? –Ду бор. Рӯбоҳ  лона месозад ё  на?  -Хона. Ҷонишини “ӯ, вай” ба инсон тааллуқ дорад. Ба ҷойи “ӯ, вай” кадом калимаро истифода бурдан хубтар аст? – Калимаи  “рӯбоҳ”-ро. Ба ҷойи ибораи “хунук хӯрда” – чӣ? – “ба хунукӣ  тоб наоварда”-ро  истифода бурдан лозим.
Биёед, аз ин матн калимаи “буд”- ро чор маротиба истифода бурда,  калимаи “як”-ро партофта, сето аломати вергул гузошта, ба ҷойи  калимаи “лона”  калимаи  “хона”-ро  истифода бурда, ба  ҷойи  калимаи  “ӯ, вай” калимаи “рӯбоҳ”- ро кор фармуда, ба ҷойи ибораи “хунук хӯрда” ибораи “ба хунукӣ тоб наоварда”-ро истифода карда, матни нақлро аз нав тартиб медиҳем.
Шакли нисбатан дурусти матн баъди таҳлил “Буд, набуд, рӯбоҳи зираку маккоре буд. Рӯбоҳ  дар назди деҳае, зери дарахти дӯлона хона  дошт. Дар фасли  зимистон ба  хунукӣ тоб наоварда,  хӯрок наёфта, хеле гурусна монд. Барои шикори мурғ ба деҳа омада, дар дом дармонда, мурда буд…”
Боз ин ҷо ду ҷумлаеро, ки аз нақли хаттии хонандагон гирд оварда  шудааст, ба танзим медарорем. Барои танзим намудани ин ҷумлаҳо, шакли аз ҷиҳати услуб хато доштаро дар тахтаи синф навишта, аз  хонандагон талаб менамоем, ки шакли дурусташро ба таври хаттӣ пешниҳод намоянд. Хонандагони синфи чорум аз уҳдаи ин кор мебароянд.
Аз ду ҷумлаи дар поёнбуда, бе такрори калимаи “мекобад” як ҷумла тартиб дода нависед.
Мағзи нонро рӯз дар Офтоб тафсон мекобад. Шаб дар нури моҳи тобон мекобад.
Шакли дуруст: мағзи нонро рӯз дар Офтоби тафсону шаб дар нури моҳи тобон мекобад.
Ҷумлаҳои зеринро хонда, танҳо бо як калимаи “кофтааст” ва пасоянди “ро” ба қолаб дароварда нависед. “Ҳамчун сӯзанкоб мағзи нонро кофтааст. Таги санги сияҳро кофтааст. Нақши ҳар як пойро кофтааст. Реги сӯзонро бо нохун кофтааст, вале наёфтааст”.
Дурусташ. Ҳамчун сӯзанкоб зери барги хазон, таги санги сияҳ, нақши ҳар пой, реги сӯзон, мағзи  нонро  кофтааст,  вале  наёфтааст.
Доир ба ин мавзуъ лозим аст, ки ду тарзи навиштани нақли хаттиро мисол орем.
Усули навиштани нақли хаттии тарзи  якум  намуди рӯйбардоркунӣ  дошта, бо чунин тарз гузаронида мешавад: Матнро  интихоб  намуда,  бо ёрии хонандагон нақшаи нақлро мувофиқи  меъёр  дар  ҳаҷми  5-6 савол ё зиёдтар ҷумлаҳои саволӣ тартиб дода, дар тахтаи синф байни ҳар  саволи нақша ҷойро кушодтар монда, менависанд. Омӯзгор бо ёрии  хонандагон  ба ҳар саволи нақшаи матн ҷавоб ёфта, зери он саволҳо ҷавобҳоро менависад. Омӯзгор аз тахтаи синф саволҳоро мехонад, хонандагон  ҷавобҳоро. Омӯзгор супориш медиҳад, ки ҳамаи саволу ҷавобҳоро якҷоя ба дафтар рӯйбардор намоянд.
Тарзи навиштани шакли дуюми нақли хаттӣ чунин аст:
Вакте ки омӯзгор дар дарсҳои дигар нақли хаттӣ мегирад, тарзи  якумро ба хотир оварда, саволу ҷавобҳоро дар тахтаи синф бо ёрии  хонандагон навишта, баъд ҷавобҳоро аз тахтаи синф тоза менамояд. Дар тахтаи синф танҳо нақшаи матн мемонад. Омӯзгор супориш медиҳад, ки акнун  ҷавоби  саволҳоро ба хотир оварда, дар зери саволҳо нависанд.
Ин ду тарзи навиштани нақли хаттӣ хонандагонро зина ба зина ба навиштани нақли хаттии пурра омода месозад.
Савол пайдо мешавад, чаро ҷумлаҳои нақшаи матн аввал саволӣ  бошанд? Чунки хонандагони синфи ибтидоӣ бо ҷумлаҳои саволӣ бо осонӣ ҷавоб ёфта, навишта метавонанд. Дар нақлҳои хаттии  минбаъда  омӯзгор метавонад нақшаи нақлро бо ёрии хонандагон дар шакли ҷумлаҳои хабарӣ тартиб диҳад.
Дар хусуси матни нақлҳое, ки муколама (диалог) доранд,  навиштани нақли хаттӣ басо душвор  аст.  Аз  омӯзгор  меҳнати  зиёдро  талаб менамояд. Омӯзгор дар вақти навиштани нақл, калимаҳои душворфаҳму душворнависро шарҳ дода, дар як тарафи тахтаи синф ва ҳамаи аломатҳои китобатии матнро дар тарафи дигари тахта, дар асоси қолаби матн навишта, талаб намояд,  ки  дар  вақти  навиштани нақл то тавонистан, аз ин калимаву аломатҳои китобатӣ дар нақл истифода  баранд. Омӯзгор бояд пайваста дар тартиб додани ҷумлаҳо ба хонандагони сустхон ёрӣ расонад.
Оид ба ин мавзуъ маводи дигареро мавриди  таҳлил  қарор медиҳем. Ин мавод  аз  маҷаллаи “Маорифи Тоҷикистон” (№11-11.2020) гирифта  шуда, танҳо калимаву ибораҳояш истифода шудааст. Беҳтар аст, ин  маводро омӯзгор рӯзи ҷумъа ба хонандагон супориш диҳад, то ки аз  ёд карда оянд. Чунки хонандагони  синфи  ибтидоӣ  ду  рӯзи истироҳатӣ  доранд. Омӯзгор дафтарҳои хонандагонро  ҷамъ намуда, мефаҳмонад, ки “Имлои эҷодӣ” мегирем. Ӯ варақаҳои нонавиштаро назди хонандагон гузошта, супориш медиҳад, ки маводи дар хона аз бар кардаашонро дар варақ бехато ба хотир оварда нависанд. Омӯзгор назорати ҷиддӣ  мебарад, то ки хонандагон  аз  рӯйи  дафтари  якдигар  набардоранд.  Ин  кор ба ғанӣ гардидани захираи луғавии (нутқи хаттиву даҳонии)  хонандагон ва донистани паҳлуҳои гуногуни муродифоти феълӣ (синонимҳо) ёрӣ мерасонад.
Калимаву ибораҳо: “аз олам гузашт, аз олам чашм пӯшид, вафот кард, фавтид, падруди зиндагӣ кард, ҷон ба Ҳақ таслим намуд, аз ҷаҳон гузашт, ба олами бақо реҳлат намуд, мурд, ҷаҳонро падруд гуфт, ҳалок  гардид, аз олам даргузашт, ба ҳалокат расид…”
Суҳбат. Хонандагони азиз, ин маводи имлои эҷодӣ навиштаатон ба  кадом гурӯҳи ҳиссаҳои нутқ дохил мешаванд? — Калимаву  ибораҳо.  Дар  ин ҷо чанд калима ва ибора ҳаст? Ду калима: Мурд ва фавтид ва  боқимонда ҳамаашон ибораанд.
Оё ҳамаи ин ибораҳоро бо як калима ифода кардан мумкин аст? – Ҳа, “мурд ё фавтид”.
Пас, донистану истифодаи ин ибораҳо дар навишт ва нутқ чӣ лозим?
— Ин ибораҳо муродифот (синоним) буда, гуфтори моро обуранги  бадеӣ бахшида, нисбат ба одоби баланди муносибати инсонӣ, ҳурмату эҳтироми шахси накуноми аз дунё гузашта, гуфта ва истифода бурда мешавад.
— Оё гуфтори “мурд” нисбат ба инсон беэҳтиромӣ ва дағал нест? Дағал аст!
-Магар, падару модар, устодро мурд гуфтан ҷойиз аст? – Не.
Пас, ба ҷойи калимаи мурд, кадом калимаро истифода бурдан  беҳтар аст? Ибораҳои дар боло зикршударо.
— Калимаи “мурд”-ро дар куҷо истифода  бояд  бурд?  -Ҳайвон мурд.
— Оё гуфтан дуруст аст, ки: Гови бечора таваллуд карда натавонисту  аз олам даргузашт? – Не. Чунки калимаи “бечора” нисбат ба одам  истифода мешавад ва шахси аз зиндагӣ ноумедгашта ва нотавону  ниҳоят камбизоатро меноманд. Ибораи “таваллуд карда натавонист” ба шахсзан тааллуқ дошта, ибораи “аз олам даргузашт” нисбат ба шахси  накуном, дар ҷамъият хизматҳои бисёр намуда кор фармуда мешавад.

Абдуғаффор ХОЛОВ,
Ғаюр БОБОМУРОДОВ,
омӯзгорони МТМУ №58, шаҳри Ҳисор