«ТОҶИКОН» ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Дар раванди муборизаю муқовиматҳои сиёсӣ дар ибтидои асри ХХ масъалаи ҳастию бақои миллати тоҷик ба мадди аввал баромада, бо ғалабаи Инқилоби болшевикӣ мавриди таҳрифу бознигарии душманони ин миллати куҳанбунёд, ба истилоҳ пантуркистон гардид.
Хидмати мондагору таърихии асосгузори адабиёти муосири  тоҷик,  устод Садриддин Айнӣ дар боби шинохти тоҷикон ба сифати миллати  қадимтарин дар қаламрави  Мовароуннаҳру Хуросон  бо  таълифи  асари  «Намунаи адабиёти тоҷик» далели раднопазир барои ҳангомаҷӯёни сиёсатмадорони берунию хориҷӣ ба шумор мерафт. Китоби мазкур  ҳанӯз соли 1927, нахуст дар Москва чоп гардида, баъдан дар Тоҷикистон  ба нашр расида буд. Устод Садриддин Айнӣ ҳамчун фарзанди  сарсупурдаи марзу буми тоҷик бо зикри зиндагӣ ва эҷодиёти шоирони  гузаштаи адабиёти форсу тоҷик, бо омӯзиши сарчашмаҳои адабию  таърихӣ, тазкираву луғатҳои муътамад даъвои бебунёди  пантуркистонро рад ва исбот кард, ки тоҷикон дар ҳудуди Осиёи  Марказӣ қадимтарин миллат маҳсуб ёфта, соҳиби давлату тамаддуни  зиёда аз ҳазорсолае буданду  ҳастанд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, оташи  нотавонбиниву худҳоҳӣ ва миллатгароии душманон паст нагардида,  намояндагони сиёсиву фарҳангии қавму миллатҳои ҷудогона ба нашри  мақолаю рисола ва китобҳои ғайриилмӣ дар солҳои минбаъда низ  муборизаи худро ниҳону ошкор идома дода, мавҷудияти миллати тоҷикро зери суол бурдан мехостанд.
Аз ин ру, фарзанди баруманди миллат, шогирди вафодори устод Садриддин Айнӣ аллома Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти илмию  сиёсии худро барои исботи қадимтарин миллат будани тоҷику давлатдории онон ва инкори даъвои  ҳарзабофон,  ба  истилоҳ  олимону  сиёсатмадорони беруна, ки боз ҳам азми куҳанбунёд будани миллати тоҷик ва тамаддуни онро зери суол бурда, намояндагони барҷастаю нобиғаи ин сарзаминро таҳрифкорона фарзандони кишвари худ мешумориданд, равона карда, дар ин ҷода хидматҳои мондагори таърихӣ анҷом додааст.
Муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик, ки аз заҳмати воқеан фидокоронаи шабурӯзии академик Бобоҷон Ғафуров маншаъ мегирад,  таълиф ва ба нашр расидани асари илмии таърихии «Тоҷикон»-и  муаррих ва аллома дар ду ҷилд маҳсуб меёбад. Дар ин асари пурмуҳтаво, ки комилан бо далоилу арқоми илмӣ-таърихӣ асоснок гардида, ҷанбаи  муътамади назариявӣ ва консепсияи ташаккулу таҳаввул ва рушди  миллату тамаддуни тоҷиконро фаро гирифтааст, аз осори оламшумули бунёдӣ дар шинохти марзу бум ва анъанаву урфу одат, шаҳрсозӣ, ҳунармандию косибӣ, зироаткорию кишоварзӣ, бартар аз ҳама, илму  адабиёту фарҳанги тоҷикон ба масобаи қадимтарин миллат, пас аз асари устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин рисолати таърихии асар ва хидматҳои аллома  Бобоҷон  Ғафуров ишора карда, Пешвои миллат, Президенти мамлакат,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Чеҳраҳои мондагор» дар мақолаи «Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ» қайд мекунанд, ки  «воқеан яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи  алломаҳои бузурги миллат ҷой дода, шоҳасари  безаволи  ӯ – «Тоҷикон»  мебошад, ки соли 1972 дар Москва ба табъ расид. «Тоҷикон» бо  забонҳои японӣ ва полякӣ тарҷума ва нашр шуда, ҳамчунин, дар  Афғонистон ва Эрон ба табъ расид. Ин асар аз тарафи маъруфтарин  мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ эътироф шуда ва ба таври сазовор  арзёбӣ гардид.
Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии мо, дар ҳақиқат, такони ҷиддие гардид. Маҳз аз ҳамин хотир  ба Бобоҷон Ғафуров унвони олии  Ватан-«Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд».
Воқеан, ин як ҳақиқати бебаҳсест, ки муаррихи донишманду  фарҳехта, академик Бобоҷон Ғафуров дар  «Тоҷикон» таърихи  гузаштаи  халқи тоҷикро аз замонҳои пайдоиши ҷамоатҳои ибтидоӣ  (марҳилаҳои  палеолити поин,  палеолити миёна, палеолити боло, мезолит, неолит) аз асри биринҷӣ гузариш ба сохти қавмӣ-падарӣ, пайдоиши Ориёиҳо, зуҳури Зардушту таълифи Авесто мавриди таҳлили илмӣ қарор дода, дар ҳама ҷо аз миллати тоҷик ёдовар мешавад. Дар  фасли  дуюми китоб,  ки «Аҷдоди тоҷикон дар давраи тараққиёти муносибатҳои ғуломдорӣ»  номгузорӣ шудааст, аллома Бобоҷон Ғафуров дар хусуси таърихи  сиёсии  Осиёи  Миёна дар асри  Vl  ва  ибтидои  асри V пеш  аз мелод, ба вуҷуд омадани давлати Ҳахоманишиҳо, шоҳигарии Куруш, шӯриши  зидди Ҳахоманишиҳо дар аҳди Дорои 1 маълумоти муфассали илмӣ дода, дар зимн зикр менамояд, ки вилоятҳои Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба ҳайати давлатӣ Хаҳоманишиён ошноӣ  пайдо карданд. Ёфт шудани навиштаҷоти оромӣ дар ҳудуди собиқ сатрапиҳои маркази давлати Ҳахоманишинӣ (Таксил, Пулӣ  Дарунта  ва  Қандаҳор)  аз он  шаҳодат  медиҳад,  ки  дар  аҳди Ҳахоманишиҳо  забон  ва хати оромӣ ба музофотҳои саргаҳи Ҳинд ва Осиёи Миёна нуфуз карда, дар расмияти идораҳои давлатии он ҷо истифода бурда мешаванд. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо ба тадриҷ қолабҳои ба забонҳои эронӣ  гардонидани  истилоҳот  ва муншаоти оромӣ ба вуҷуд омадаанд. Баъдҳо аз номаҳои идоравии оромӣ  пас  аз  Ҳахоманишиҳо  чор системаи  хати  идеографӣ- портӣ форсӣ, суғдӣ ва хоразмӣ пайдо шуданд. Ин  системаҳои хат дар Осиёи  Миёна ва Эрон дар муддати чандин аср, то давраи истилои арабҳо мавҷудияти  худро нигоҳ доштанд. Академик Бобоҷон  Ғафуров  ҳаёти  вазнини пурмашаққати  миллати  тоҷикро дар  давраҳои ҳуҷумҳои истилогаронаи душманони аҷнабӣ, ки ба  муборизаю  муқовиматҳои озодихоҳонаю истиқлолхоҳонаи тоҷикон алайҳи ин ғосибон анҷом ёфтааст, хеле ба тафсилу фарогир, бо далелҳои  муътамади  таърихӣ мавриди  таҳлилу  баррасӣ  ва андешаронӣ қарор  медиҳад.  Ҳам дар замони ҳуҷумҳои истилогаронаи Искандари Макдунӣ, ҳам дар давраи туркони хоқонӣ, ҳам лашкаркашии арабҳо ба Осиёи  Миёна, ҳам Ғазнавиёну Чингизхони муғул, ҳам Темуриён ва ҳам зулму тааддии Россияи подшоҳӣ ва билохира, истеъмори болшевикон пас аз табаддулоти соли 1917 дар Россия  ва  торумори  Аморати  Бухоро, бино ба таҳқиқи амиқи илмии муаррихи донишманд, тоҷикон ба сифати  миллати  озодихоҳию сарбаланд,  бонаҷобат   ва  дорои ҳувияти  воло  ба  қурбонию талафоти бешумор ҳам бошад, озодиро мароми  ҳадафи  аслии  хеш қарор дода, ба бардагию сарфикандагӣ зери  ҳукумронии  душманон  роҳ надоданд. Барҷастатарин падидаи таърих дар ин марҳалаҳои таърихӣ,  таъсиси  давлати паҳновари  тоҷикон  –  Сомониён дар асри X ба ҳисоб мерафт, ки бо талошҳову тадбирҳои хирадмандонаю дурандешонаи шоҳ Исмоили Сомонӣ пояҳои он собиту устувор ва рукнҳои давлатдорӣ дар ин ҳукумат  гузошта  шуд.  Бобоҷон Ғафуров дар хусуси хидмати Исмоили Сомонӣ ва шахсияти ӯ ҳамчун сиёсатмадори тавоно мегӯяд: «Исмоили  Сомонӣ  аз  муборизаи  оммаи  халқ барои  истиқлолият  истифода  бурда, нахустин  бор  пас аз  истилои араб сарзамини дар натиҷаи задухӯрдҳои дохилӣ  парешонгардидаро ба ҳам муттаҳид намуд ва давлати бузурги мустақиле ба вуҷуд овард. Вай дар баробари барҳам додани ҳукумати Саффориён ҳокимияти  худро  на танҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон мустаҳкам намуд, балки ба  як  қатор вилоятҳои Шарқ ва шимолии Эрон соҳиб гардида, истиқлолияти ҳақиқии давлати ташкилкардаи худро  нисбат ба хилофати Араб  таъмин  намуд». Аммо тавре маълум аст, чунин як давлати абарқудрату пешрафта, ки маҳз дар он адабиёту илм ва санъату  фарҳанг, ба  як  сухан тамаддуни тоҷикон таҳкиму тараққӣ ёфта, ба қуллаи баланди авҷи шаъну шуҳрати худ расида буд, бо ҷангҳои байниҳамдигарии сарватмандону ҳокимони вилоятҳои алоҳида, дурӯягию мунофиқии рӯҳониён ва сусту заиф гардидани пояҳои ҳукумати марказӣ оқибат аз байн рафта,  ғазнавиён  тахти  Оли  Сомонро соҳиб гардиданд. Академик Бобоҷон Ғафуров дар боби сеюми «Тоҷикон» «Халқи тоҷик дар асри Xl-ибтидоӣ асри Xlll, давлатҳои Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён»  вобаста  ба  вазъи сиёсии ин асрҳо андешаронӣ  намуда,  муборизаи фарзанди сарсупоридаи тоҷик, намояндаи охирин дудмони  Сомониён  Абуиброҳим Исмоил ибни Нӯҳро, ки дар муҳорибаҳои зидди  Қарахониён Мунтасир (фотеҳ) тахаллус гирифта буд, таҳлил ва  натиҷагирӣ намуда  ва муваффақиятҳои ҷангии ӯро дар шаҳри Бурнамад  баён  карда, сабабҳои  шикаст хӯрдани  ин  ҷонфидои  миллатро тавзеҳ  медиҳад. Яке аз сабабҳои асосии  шикасти  Мунтасир ба тасдиқу таъкиди аллома Бобоҷон Ғафуров, хиёнати  сарлашкарону  наздикони вай маҳсуб меёфт. Аз ин саҳифаи  пурмоҷарою  мураккаб  ва  фоҷиабори  таърих, ки  муаррих баррасӣ намудааст, равшан мегардад, ки фарзандони фарзонадилу  ватанпарвари  миллати  тоҷик  барои  ҳифзу  ҳимояи марзу  буми  аҷодӣ  ва  қаламрави беҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон то қатраи  охирони  хуни  худ мубориза бурда,  таҷовузи  душманонро  таҳаммулу  бардошт накарданд. Чунин муборизаҳои меҳандӯстонаю  адолатхоҳонаро дар асри Xl Cанҷар анҷом додааст, ки дар таърих бо номи «Шӯриши Санҷар» маъруф мебошад. Дар хусуси шӯриши  Маҳмуди Торобӣ алорағми  муғулон,  ҷунбиши Сарбадорон дар аҳди  Темуриён ва ғайра бори аввал маҳз дар саҳифаи китоби «Тоҷикон» мардум шинос гардида буданд. Чунин  муқовимату  ҷунбишҳои мардумӣ  дар асрҳои  минбаъда (асрҳои  Xll — Xlll) низ  идома  ёфтанд,  ки  ҷанбаи  озодихоҳонаю истиқлолиятталабона доштанд. Яке аз бобҳои ҳалкунандаю таваҷҷуҳбарангези «Тоҷикон» «Тоҷикон дар давраи ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва тараққиёти муносибатҳои капиталистӣ  дар  ин  сарзамин»  унвонгузорӣ  шудааст,  ки марҳилаҳои ҳуҷуми қӯшунҳои подшоҳӣ  ба  Осиёи  Миёна, аз ҷумла, аморати  Бухоро дар  бар гирифта,  муборизаи  мамолики абарқудрати  асри  XlX  Англия ва Россияро барои густариши нуфузи сиёсати давлатдории ин кишварҳо дар Осиёи Миёна дар он мавриди  таҳлил  қарор  гирифтааст. Дар бобҳои  «Аҳволи  халқи тоҷик  ва муборизаи  он  бар  зидди  аморати Бухоро  ва  ҳукумати  подшоҳӣ», «Халқи  тоҷик  дар  арафа  ва  давраи  инқилоби  солҳои  1905-1907», «Халқи  тоҷик  дар  давраи  аз  соли 1908  то соли 1917»  вазъияти  сиёсию  иқтисодӣ,  иҷтимоӣ  ва  рушди  адабиёту  фарҳангу илм аз ҷониби олими нобиға ба таври пурғунҷоиш,  доманадор  ва  истифодаи  манбаъю  сарчашмаҳои илмию таърихӣ баррасӣ ва тавзеҳ ёфтааст. Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  пешгуфтори  нашри нави  «Тоҷикон»  (соли  2020)  бо номи «Шиносномаи миллат» доир ба  аҳамияти  илмию  назариявӣ ва  ҷанбаи  сохторию консепсияи ягонаи илмии таҳқиқотии асари безаволи  академик Бобоҷон Ғафуров мегӯянд: «Аз таълифи ин шоҳасари  академик Бобоҷон Ғафуров  қариб  ним  аср  гузаштааст  ва  дар  ин  муддат илмҳои ҷомеашиносӣ, пеш аз ҳама, таърихшиносиву  бостоншиносӣ хеле  рушд  намуда, ба дастоварду кашфиёт  ва  таҳқиқоти  зиёд  ноил гардидаанд. Аммо мусаллам  аст, ки  консепсияи  илмии  таҳқиқ  ва омӯзиши таърихи халқи тоҷик, ки ин олими номдори миллат манзур кардааст, то имрӯз устувор буда, мавриди эътирофи илм ва донишмандон қарор дорад».

Ҷамшед НАМОЗЗОДА,
ректори Донишкадаи
ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва
бозомӯзии кормандони соҳаи маориф