ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО ЧӢ ТАВР МЕТАВОН АЗ БАЙН БУРД?

Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишвари исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.
Ин аст, ки дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами сиёсӣ  буда, омилҳо, хусусиятҳо ва ҳадафи хатарбори он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ  мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб  ҷомеаи башариро  нигарон  намуда,  баҳри пешгирии он тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши муборизаро ҷустуҷӯ мекунанд. Ба ин маънӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон аст.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва  ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одам ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари  мамлакатҳо халалдор гардидааст. Аз ин рӯ, дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажуҳишгоҳҳои илмию татқиқотӣ  ба омӯзиши ин падидаи манфии ҷомеа машғуланд. Дар ин  радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ ҷараёнҳои хатарбору фоҷиазо мебошанд.  Экстремизми сиёсӣ, аслан, аз ғояи фаъолияти гурӯҳҳои алоҳидаи иртиҷоӣ таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ  барои  амалӣ  гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин, экстремизми сиёсӣ бо тамоми  зуҳуроташ  ҳамчун  ҷараёни иртиҷоӣ  аён  гашта,  доираи  васеи кишварҳо ва минтақаҳои  оламро фаро  гирифта,  ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир,  зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею  ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Аз ин ҷост, ки таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи  гурӯҳҳои  иртиҷоиро  ташкил менамояд.
Бояд иқрор гардид, ки экстремизм дар навъҳо ва шаклҳои гуногун — аз рӯйи мазмуни динӣ ва дунявӣ, аз рӯйи зуҳуроти ҳудудӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ зоҳир мегардад. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решаи амиқ  дошта, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ва дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро низ эътироф намекунад. Терроризм низ яке аз шаклҳои мураккабтарини он ба ҳисоб меравад. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи  зӯрии  гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва фарҳангии сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чунонки таҷрибаи мамолики гуногуни олам нишон медиҳад, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кӯшиши нобуд кардани рақиби худро дар сар  мепарваранд.
Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки  ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор  мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми  тоҷик аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем. Танҳо сулҳ ба ҳайси  бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имконият фароҳам  меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд. Маҳз ба шарофати сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион  нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро идома бахшем.
Бояд вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзу амнияти давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд  ва Ватани азизамон –  Тоҷикистонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд. Боиси  таассуф аст, ки ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо ҳар шахси солимро ба ташвиш меорад. Бино ба маълумоти оморӣ, садҳо нафар ҷавони гумроҳу  сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ гардида, як қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гирифта шуда, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шудаанд. Албатта, чунин тоифа одамон бо  кирдорҳои нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик  ва давлати тоҷикон иснод меоранд.
Ҳама огаҳанд, ки дар заминаи ихтилофоти диниву мазҳабӣ дар Сурияву Ироқу Яман садҳо нафар мардуми осоишта ҳалок шуда, амалҳои террористӣ дар Афғонистон ва як қатор давлатҳои Аврупо  пайваста идома меёбанд. Террористон худро мусулмон ҳисобида, ба қалби мардуми бегуноҳ тир кушоданд.
Аз ин рӯ, имрӯз бояд ҷавонони даврони истиқлолият ба қадри сулҳу суботи пойдор бирасанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар  доираи қонун зиндагиву фаъолият намуда, сатҳи саводи дониш ва ҷаҳонбинии хешро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми  муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ  бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу  ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»