КОМЁБИҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштанд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст. Марҳалаи навини рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши кишварамон дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо таъсису барқарор намудани муассисаҳои варзишӣ, баргузор намудани чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва таъмини иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардид.

Тӯли солҳои 2011–2020 дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш  сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш  ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад. Ҷавонон қувваи  пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат  мебошанд. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди  бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти  солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 инҷониб  ҳар  сол Рӯзи дави миллӣ ва аз соли 2010 сар карда, дар Рӯзи пойтахт ниммарафони байналмилалӣ доир мешавад. Аз рӯи намудҳои  мухталифи варзишӣ мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор  мегарданд. Ҳамин аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар тамоми  шаҳру навоҳии кишвар бунёди сохтмони варзишӣ ҷараён дорад ва  таваҷҷуҳи аҳолӣ низ ба тарбияи ҷисмонӣ низ бештар гардидааст. Ба варзиш машғул шудан ҳамеша инсонро солим мегардонад. Варзиш дар сиёсати давлатӣ афзалиятнок пазируфта шуда, соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» қабул  гардид, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини  фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии  Тоҷикистонро танзиму муқаррар менамояд. Дар воқеъ, Истиқлоли  давлатӣ имкону шароит фароҳам овард, ки варзиш дар кишвар рушду  такомул биёбад ва дастовардҳои Тоҷикистон низ дар арсаи байналмилалӣ зиёд гардид. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Истиқлол ба варзишгарони  Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки дар олимпиадаҳо пайваста  иштирок намоянд.

Ҳамчунин, дар миёни наврасону кӯдакон дар масъалаи доир  намудани мусобиқаҳои варзишӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.  Вазъи тарбияи ҷисмонӣ дар байни хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ  сол аз сол беҳтар мегардад. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои  бонуфузи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Ҳамин аст, ки варзишгарони Тоҷикистон дар  мусобиқаҳои ҷаҳонӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ Ю.Т. Лобанов, М.Т. Лобанов,  Саидмуъмин Раҳимов, Зебуннисо Рустамова, А. Старостин, Ю.И.  Баранов, С. Гусейнов, Ҳ. Исмоилов, Э. Шиллер, В. Полосин, И. Коваленко, Г. Пӯлодова, В. Двигун, И. Белевсева, А. Тихонов, Н.  Суровитский, В. Пянков, В. Кабиров, Н. Рустамова, А. Панжин, Х.  Исмоилов, В. Степушина ва Н. Сипова, Х. Мадмусоев ва ғайра шарафи варзишии тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштаанд.

Аввалин ширкатдори Бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон, қаиқрон Иброҳим Ҳасанов соли 1960 дар Бозиҳои олимпии XVII шаҳри Рими  Итолиё мебошад. Варзишгар Юрий Лобанов дар Бозиҳои олимпии XX  Мюнхен (1972) оид ба қаиқронӣ ғолиб омад. Зебуннисо Рустамова дар Бозиҳои олимпии XXI Монреал (1976) оид ба камонварӣ соҳиби медали  биринҷӣ гардид. Дар Бозиҳои олимпии XXII Маскав (1980) Анатолий Старостин оид ба панҷҳарбаи муосир соҳиби ду медали тилло (дар  ҳайати даста ва шахсӣ) ва Юрий Лобанов соҳиби медали биринҷӣ  гаштаанд. Соли 1992 варзишгар Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ  чемпиони Бозиҳои олимпиии тобистонаи Барселона (1992) дар риштаи гурзпартоӣ шуд.

Солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии  тобистона дар Пекин (2008) Юсуф Абдусаломов дар гӯштини тарзи озод  сазовори ҷои дувум ва медали нуқра, Расул Боқиев дар бахши гӯштини дзю-до сазовори ҷойи савум ва медали биринҷӣ гашт. Мавзуна Чориева  дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Лондон (2012) соҳиби медали  биринҷӣ дар риштаи муштзанӣ гардид. Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио-де-Жанейро (2016) гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли равон варзишгарони тоҷик   дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, 269 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 64 медали тилло, 77 нуқра ва 128 медали биринҷӣ мебошад.

Аз муассисаҳои таълимие, ки дар тарбияи варзишгарони ҳирфаӣ  саҳми бузург доранд, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мебошад. Дар давоми фаъолияти беш аз 50-солаи хеш варзишгарони зиёдро барои Тоҷикистон омода намудааст, ки Парчами  Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Бояд қайд  кард, ки дар донишкада 8 кафедраи варзишӣ фаъолият менамоянд ва дар ин кафедраҳо аз рӯи 31 ихтисоси варзишӣ донишҷӯён таълиму тамрин  мегиранд. Кафедрҳои намудҳои гӯштини тарзи озод, дзю-до, самбо,  юнонӣ-румӣ, варзиши миллӣ, гӯштингирӣ, камарбандӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, шашка, бозиҳои варзишӣ (волейбол, тӯби дастӣ (гандбол),  баскетбол, тенниси рӯи миз), гимнастика, сайёҳӣ ва менеҷмент  (кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳӣ, ташкили корҳои оммавӣ ва солимгардонӣ), кафедраи варзиши сабук (гурзпартоӣ, гулӯлапартоӣ, ҷаҳидан ба  баландӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ), якҳарбаи шарқӣ ва намудҳои риштаҳои  амалӣ (таэквандо (ИТФ), таэквандо (ВТФ), каратэ-до, зӯрозмоиҳои муштарак, бокс, вазнбардорӣ, тирпаронӣ, камонварӣ), кафедраи футбол (футбол, футболи хурд (футзал)) ва шиноварӣ (шиноварӣ, қаиқронӣ) дар тарбияи дурусти шогирдон саҳми шоиста мегузоранд.

Донишкада дорои 7 толори варзишӣ, аз ҷумла, толори гимнастика, гӯштингирӣ, намудҳои гӯштин, бозиҳои варзишӣ, якҳарбаҳои шарқӣ,  бокс, тирпаронӣ, вазнбардорӣ ва 2 майдони калон барои футбол, 1  майдон барои футболи хурд, 4 майдонча барои волейбол, 4 баскетбол ва майдони варзишии сабук мебошад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар кафедраҳои варзишии донишкада  зиёда аз 130 омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз он 60 нафарашон аз рӯи ихтисосҳои худ соҳиби унвонҳои Устоди варзиши Тоҷикистон,  Корманди шоистаи Тоҷикистон варзиши ва мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон мебошанд.

Айни замон зиёда аз 300 нафар донишҷӯи донишкада узви дастаҳои  мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намудҳои гуногуни варзиш  мебошанд. Дар соли 2021 зиёда 600 нафар донишҷӯйи соли таҳсили 4-ум ва 5-ум, аз рӯи ихтисосҳои варзиши интихобшуда меъёри дараҷаи 2-юми варзиширо иҷро намуданд.

Донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада тибқи дастуру супоришҳои  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  нақшаи ягонаи тақвими чорабиниҳои оммавию варзишӣ, омодагию  солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои варзишӣ, дар умум, дар чорабиниҳои зиёди оммавӣ-варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуданд.

Шодӣ САФАРОВ,
ректори ДТҶТ ба номи С. Раҳимов, профессор