Сомонаҳои иҷтимоӣ ва таъсири манфии онҳо

Барномаҳои компютерӣ ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ имкони васеъ дошта, аввалан, вақтро бениҳоят сарфа мекунанд, ки дар ин маврид эҳтимолияти кам гаштани хароҷоти шахс мегардад. Дувум, муваффақияти технологӣ дар он аст, ки имрӯз ҳар як фард дар куҷое ва дар кадом ҳолате бошад, метавонад ба воситаи компютер ва ё телефони мобилӣ ҷараёни фаъолияти корхонаро идора намояд.
Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ чунон бо суръати баланд пеш мераванд, ки тамоми навъи фаъолият ё худ ҳисоббаробаркуниҳо, хизматрасониҳою иттилоот ба ҳама гӯшаи дунё дар як лаҳза интиқол дода мешаванд. Саволе ба миён меояд, ки мушкилӣ дар чист, ки ҳамагон аз ин дастовардҳо самаранок истифода бурда наметавонанд? Дар ҳақиқат, барои ҷавоб додан ба ин савол фикри як шахс ё як гурӯҳ одамон қонеъкунанда нест.
Наврас ҳангоми дар сомона будан, хабарҳои рӯз, пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии дунё, садамаҳо, ихтирооти навтарин, пухтупази хӯрок, автомобилҳои навтарину гуногун, варзиш, муҳорибаҳо, ҷангҳои байнидавлатӣ, рақсу бозӣ, фаҳшу зӯроварӣ, амри маъруф, тарбияҳои динию ахлоқӣ, мулоқоти дуру дароз бо наздикон ва ғайраро мебинад. Ҳолати рӯҳии кӯдак кадоме аз инҳоро бардошт карда метавонад?
Волидайне, ки фарзандонашон дар сомонаҳои иҷтимоӣ аъзо мебошанд, чунин ҷавоб медиҳанд: ҳама доранд, пас фарзанди ман чаро надошта бошад? Ягон нафари онҳо ҷавоби аниқ дода наметавонанд, вале намедонанд, ки чӣ қадар вақти худро онҳо бо сомонаҳои иҷтимоӣ мегузаронанду чӣ зарари иқтисодию иҷтимоӣ ба фарзандон ва наздиконашон ба бор меорад.
Агар ба атроф назар кунем, гӯё, ки мардуми дунё ошиқи экрани телефон шудааст, ё ба доми ҷодуи сомонаҳои иҷтимоӣ афтодааст. Оё дуруст аст, ки модар аз фарзандаш бештар ба сомонаи телефонаш назар кунад? Оё дуруст аст, толибилм нафрат ба дарс ва баръакс, муҳаббат ба телефон дошта бошад? Оё дуруст аст, ки наврас одитарин мафҳумҳои дарсиро намедонаду аммо аз тамоми хабарҳои дунё ва ному насаби қаҳрамонҳои бозиҳояшон бохабар бошад? Оё дуруст аст, ки ду-се ҳазор корманди ширкатҳои бонуфузи дунё бо ҳиссиёт ва ҳаёти 5-6 миллиард одами кураи Замин бозӣ кунад? Албатта, дуруст нест, ин бозӣ дар сомонаҳо ба косташавии муҳаббати бародарию дӯстии инсонҳо боис мегарданд.
Агар мо ба ин мушкилот амиқтар назар намоем, ба хубӣ дарк мекунем, ки ин ширкатҳо на танҳо фоида, балки зарари калони иқтисодию иҷтимоӣ низ меоранд. Сармояи ширкатҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар даҳ соли охир 1400 маротиба афзун гардидааст, ки ин аз даромади ширкатҳои солҳои тӯлонӣ фаъолияткунанда хеле зиёд аст. Сохтори ин ширкатҳо гарчанде ба нияти беҳбудӣ бахшидан ба иҷтимоиёти мардум нигаронида шуда бошад ҳам, мақсади асосиашон даромади зиёд ба даст овардан мебошад. Барои онҳо фарқ надорад, бинанда ба чӣ гуна мавод майл дорад, чӣ мекунад ва чӣ кор шуданаш мумкин. Муҳимаш ин аст, ки ҳаҷми калони маблағ ба ширкатҳои онҳо зиёд ворид гардад. Масалан, «Facebook», «Google» ширкатҳои бойтарини дунё ҳастанд, вале на он қадар коргари зиёд доранд. Фақат онҳо суперкомпютерҳо ва супербарномаҳое доранд, ки бинандаро ҳамчун мол истифода карда, боз аз он даромад ба даст меоранд. Яъне дар ин ширкатҳо бинанда ҳам мол ва ҳам харидори мол мебошад. Мо на танҳо вақти худро бой медиҳем, балки барои аз даст додани вақти худ маблағ медиҳем.
Дар донишгоҳи Стендфорд мутахассисонеро омода мекунанд, ки чӣ тавр аз рӯҳи инсон фикру андешаҳо ва бовариашонро гирифта, онро дар технология истифода баранд. Барои ҳамин, боварии бинандаи сомонаи иҷтимоӣ ба экрани телефонаш зиёдтар аст, нисбат ба дилхоҳ каси дигар, чунки намедонад психологияи ӯро ба муқобили худаш истифода мебаранд, ки яке аз онҳо Тристан Ҳарис мебошад.
Мутахассиси соҳаи технологияи иттилоотӣ Тристан Ҳарис қайд мекунад, ки дар дунё мушкилоте пайдо мешавад, ки даво ва дармон надорад. Ин мушкилоти иттилоотӣ ё технологӣ мебошад, ки инсон ба он дучор гардида, боз маблағ ҳам медиҳад. Ӯ қайд менамояд, ки кормандони сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолиятеро истифода мекунанд, ки онро меъёри технологӣ меноманд. Ин ба монанди як навъ дизайне мебошад, ки бо пайдо шуданаш рафтори одамро дигар мекунад.
Аз ин лиҳоз, равоншиносон мегӯянд, ки дар оянда, бо эҳтимоли ғолиб, мо, инсонҳо, имкони ба мушкилоти вазнин дучор шуданро дорем. Албатта, вақте мо инро мушкилот мегӯем, кам одамон ба ин бовар кардан мехоҳанд, чунки аллакай 50-60%-и зиндагиамон аз ҳамин вобаста мебошад. Ҳар як истифодабарандаи сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоби камтарин моҳе на камтар аз 50 сомонӣ сарф мекунанд. Дар як моҳ баробар ба 150 млн сомонӣ ва дар як сол бошад, ба 1,8 миллиард сомонӣ танҳо барои барномаҳои интернетӣ ва аниқтараш барои сомонаҳои иҷтимоӣ сарф менамоянд. Акнун тасаввур кунед, ки дар дунё чӣ қадар одамон истифодабарандаи сомонаҳои иҷтимоӣ мебошанд!
Фаромӯш набояд кард, ки ояндаи мо аз имрӯзи наврасон ва фарзандонамон вобаста мебошад. Инсон худ мушкил эҷод мекунад ва боз худ роҳи ҳалли онро ҷуста меёбад: Барои ин лозим аст, ки:
-донистани фанҳои дақиқ ва дуруст истифода бурдани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба толибилмон ва наврасони мо имкон медиҳад, ки дар истифодаи технологияҳои муосир дуруст тасмим гиранд;
– назорати падару модар аз болои фарзанд ва истифодаи дурусти телефонҳои мобилию сомонаҳои иҷтимоӣ;
– аз худ кардани барномаҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба монанди ворд, экзел, С1;
-ҷалби наврасон ба варзиш, сайёҳӣ ва ташкили самараноки вақти холии онҳо, тарбияи дурусти фарзандон аз тарафи падару модар ва дигар аъзои оила;
-агар барои дастрас намудани маводи таълимӣ истифодабарии интернет зарур бошад, он бояд зери назорати яке аз волидон сурат гирад. Инчунин, фаромӯш набояд кард, ки агар мо имрӯз ин масъаларо назарногир пиндорем, фардо давои ин бемориро нею давои аз ин офат баромаданро меҷӯем.

 

Рустамҷони ҚУДРАТЗОДА,
муовини сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ,

Фарзона ҒУЛОМНОСИРОВА,
коршиноси раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии МТС-и
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон