СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН ВА НАҚШИ ОН ДАР МАСЪАЛАИ АЗХУДКУНИИ ФАНҲОИ ТАЪЛИМӢ

Ба шарофати таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ баҳри пешрафту равнақи соҳаи маориф иқдомҳои судманде рӯйи кор омаданд.

Лозим ба зикр аст, ки фаъолияти созмонҳои хонандагон дар тарбия ва ташаккули шахсияти хонандагон мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Мақсади асосии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила, ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Яке аз роҳҳои ҷалби насли наврас, ҷавонон ба омӯзиш ва ҷилавгирии онҳо аз бекоргардӣ фаъолияти хуби муассисаҳои таҳсилоти иловагист. Чунки муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани малакаю маҳорат ва васеъ гардонидани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ба шумор рафта, дар бедор намудани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ ва варзишӣ нақши муҳимеро мебозад.

Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ заминаи методию амалии кори созмонҳои хонандагон ба ҳисоб меравад. Директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳо бо номи Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон фаъолият доранд, ҳамзамон, раиси Шӯрои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Созмони хонандагон ба номи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоб мераванд.  Фаъолияти босамари роҳбарон, аъзои Созмони хонандагон аз ҳамкории бевоситаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ, муаллимони фаннӣ, роҳбарони синфҳо, аъзои Шурои Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ вобастагии амиқ дорад.

Баҳри  беҳбудӣ  бахшидан  ба корҳои  тарбиявӣ,  инчунин,  бо баҳои  хубу  аъло  ва  рафтори намунавӣ  таҳсил  намудан,  иштироки  фаъолона  дар  корҳои ҷамъиятӣ,  интихоби  бошууронаи  касб,  тайёрӣ  барои  дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва  миёнаи  касбӣ,  хизмат дар  сафи  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомил гардидан ба Иттифоқи ҷавонон ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ ва омодагӣ  ба ҳаёти  мустақилона, имрӯз  дар  тамоми  муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони хонандагон дар 3 зина “Ахтарон”, “Ворисони Сомониён” ва “Сомониён” фаъолият  намуда истодаанд,  ки  Нишон,  Парчам, Суруд  ва  шиори  ягонаи  худро доранд.

Нақши роҳбари Созмони хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар азхудкунии фанҳои таълимӣ ва беҳдошти сифати таҳсилот хеле  баланд буда, роҳбари муассисаи таълимиро зарур аст, ки дар вақти ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъйин намудани роҳбари Созмони  хонандагони муассиса диққати махсус зоҳир намуда, ба малакаи  донишазхудкунӣ, қобилияти ташкилотчигӣ  ва дигар  хислатҳои  онҳо  аҳамият дода, фаъолияти  ҳамарӯзаи роҳбари  Созмонро  дар  ташкил  ва  баргузории раванди машғулиятҳо, чорабиниҳои гуногуни тарбиявии дохилимуассисавӣ,  ҳамкории роҳбари Созмон бо маъмурияти муассиса,  бахусус муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, роҳбари гурӯҳи  идоракунии сифати  таҳсилот,  мудири  китобхонаи  муассисаи  таълимӣ, Кумитаи  ибтидоии  иттифоқи касаба ва Кумитаи падару модарон зери назорати доимӣ қарор бидиҳанд.

Қайд кардан зарур  аст,  ки яке  аз  роҳҳои  баланд  бардоштани  сатҳу  сифати  таҳсилот аз  ҳамаи  фанҳои  таълимӣ дар  муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи  умумӣ, пеш  аз  ҳама, мустаҳкам  намудани  базаи моддӣ — техникӣ, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, ташкили иттиҳодияҳои методии дохилимуассисавӣ, ба корҳои методӣ ҷалб  намудани  тамоми кормандони  педагогӣ, таъмин намудани муассисаи таълимӣ бо кадрҳои  баландихтисос, таъмини муассисаи таълимӣ бо дастурҳои методӣ,  асбобҳои аёнию  воситаҳои  техникӣ  ва китобҳои  дарсию  бадеӣ,  ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, озмунҳои иловагии фанҳои таълимӣ, конференсияҳо, викторинаҳо, шабҳои саволу ҷавоб ба шумор меравад.

Дар баробари аз худ намудани фанҳои таълимӣ тарбияи хонандагон оид ба тарзи ҳаёти солим, ватандӯстию ватанпарастӣ яке аз унсурҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба он диққати махсус зоҳир намудани ҳар як роҳбари Созмони хонандагон аввалиндараҷа мебошад. Бо мақсади  ҳидояти ҷавонону наврасон ба  тарзи  ҳаёти  солим, пешгирии ҷинояту  ҷинояткорӣ дар  байни  ноболиғон  ва  омода  намудани  онҳо  ба  хизмати Модар  —  Ватан  дар  ҳамбастагӣ бо соҳаи тандурустӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва  комиссариатҳои  ҳарбӣ  як қатор  мусобиқаҳои  варзишӣ аз  рӯи  намудҳои  гуногуни варзишӣ ва чорабиниҳои тарбиявӣ бахшида таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вохӯрию чорабиниҳои  ватанпарастиро  бо  иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги  Ватанӣ,  ҷанговарони башардӯст  ташкил  намудан  аз манфиат кам нест.

Ҳамзамон, вобаста ба ин, ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон дар ҳамбастагӣ бо муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик ташкил намудани дарсҳои тарбиявӣ, озмунҳои “Иншои беҳтарин”, “Рӯзномаи девории беҳтарин” ба манфиати кор аст.

Лозим ба ёдоварист, ки тибқи Низомномаи Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ,  ки бо  қарори  мушовараи  Вазорати  маориф  ва  илми  Ҷумхурии Тоҷикистон аз «26» 04 соли 2018, № 08/77 тасдиқ шудааст, ҳар як хонанда  новобаста  аз  миллат, нажод,  забон  ва  ақидаи  динӣ ҳуқуқи бевоситаи аъзои Созмон шуданро дорад. Узвият ба сафи созмон аз синни 7 то 18-солагӣ сурат гирифта, аъзои он бояд дорои рафтори намунавӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад.

Фаррух ҲОТАМОВ,
муовини директори муассисаи таҳсилоти иловагии
вилояти Хатлон,

Дилмурод ДАВЛАТЗОДА,
роҳбари Созмони хонандагони МТМУ №58-и
ноҳияи Данғара