ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ

Дар илми география дастовардҳои илмии зиёд рӯи кор омадаанд, вале на ҳамаи онҳо ба хонандагон маълуманд. Биноан, мо тасмим гирифтем, ки бархе аз онҳоро ба хонандагон тавзеҳ бахшем.

1)  Як замон сохтмони роҳи зериобӣ аз гулӯгоҳи Ла-Манш, ки Фаронсаву Англияро пайваст мекард, диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб карда буд.  Роҳе, ки дарозиаш 51 км буд, 39 километри он аз зери баҳр мегузашт ва то ҳол яке аз сохтмонҳои беҳамто маҳсуб меёбад.

2)  Аз ҳама дарозтарин роҳи автомобилгард дар дунё шоҳроҳи Панамрикоӣ мебошад, ки сохтмони он соли 1930 оғоз ёфта, пойтахти аксари давлатҳои Амрикои Лотиниро мепайвандад. Ин роҳ тахминан 33 ҳазор км дарозӣ дошта, аз сарҳади ИМА ва Мексика то Буэнос-Айрес тӯл кашидааст. Ин роҳ аз канали Панама тавассути пуле, ки онро “Пули Амрико” меноманд, мегузарад.

3) 18-уми феврали соли 1979 дар биёбони Сахара аввалин маротиба ҳодисаи ғайримуқаррарии табиат — барф боридааст.

4) Канали Гранди-Чин қадимтарин ва дарозтарин канали ҷаҳон мебошад, ки тӯли он ба 1795 км мерасад. Қад-қади соҳили он 24 қалъа ва 60 кӯпрук сохта шудааст.

5) Калонтарин метеорит — Гоба соли 1920 дар ҷанубу ғарбии Африқо афтидааст, ки он 60 тонна вазн дошт.

6) Моҳ аз Офтоб 400 маротиба хурдтар аст, аммо ба Замин 400 маротиба наздиктар, бинобар ин Моҳ ва Офтоб аз Замин як хел менамояд. 7)  Дарёи дарозтарини ҷаҳон Нил ба ҳисоб рафта, дарозии он ба 6671 км мерасад, вале баъди бунёди обанбори Асуан дарозии дарё кӯтоҳтар гардид. 8) Кӯҳи баландтарини ҷаҳон Мауна-Кеа, ки бо исми “Кӯҳи сафед” низ машҳур аст, дар ҷазираи Гавайи ИМА воқеъ гаштааст. Пояи он дар қаъри уқёнуси Ором воқеъ буда, қуллааш ба 10 250 м мерасад. 6000 метри он дар зери об   ҷой дошта, 4205 метраш дар баландӣ аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Он аз Эверест 1357 м баландтар мебошад.

9) Порчаи аз ҳама антиқаи Замин, ки солҳои охир кашф шудааст, кристалли хурдтарини сирконий мебошад. Таърихи ин порчаи кӯчак 4,3-4,4 млрд солро ташкил дода, аз дигар бозёфтҳои қадима 100 млн сол куҳантар мебошад.

Исоқбой ҲАЛИМОВ,
омӯзгори географияи МТМУ
№32, шаҳри Панҷакент