МАҲФИЛИ «МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН»

Барои боз ҳам амиқтар кор кардан бо хонандагоне, ки нисбат ба фанни математика шавқи махсус доранд, аз синфҳои 2-3 сар карда, «Маҳфили математикӣ» ташкил мешавад. Машғулиятҳои маҳфил бояд ба таври муназ-зам (моҳе 2-3 маротиба) бо ҳайати доимии хонандагон ва бо нақшаи муайян гузаронида шаванд.

Одатан маҳфил барои синфҳои параллелӣ дар як ё якчанд мактаб ташкил карда мешавад, ки онро маҳфили «Математикони ҷавон» меноманд. Дар машғулиятҳои маҳфил хонандагонро бо усулҳои нави ҳисоббарорӣ, роҳҳои ҳалли масъалаҳои нисбатан душвор, бо баъзе саволҳо аз таърихи математика ва ғайра шинос мекунанд. Чун дар дигар намудҳои корҳои беруназсинфӣ дар ин ҷо низ машқҳои шавқовар васеъ истифода бурда мешаванд. Аъзои маҳфилро бо ороиши гӯшаҳои математикӣ, баровардани газетаҳо, (масалан, бахшида ба солгарди зодрӯзи математикони номдор), инчунин, барои тайёрӣ ба шабнишиниҳои математикӣ ҷалб мекунанд. Методикаи гузаронидани маҳфил бояд чунон бошад, ки хонандагон на фақат дар худи машғулиятҳо кор кунанд, балки ба он фаъолона тайёрӣ ҳам бинанд. Ин ҷо ҳамчун намуна яке аз машғулиятҳои аввалини маҳфилро, ки дар синфи 3 гузаронидан мумкин аст, меорем:

Дар тахтаи синф чунин навишта шудааст:

25 + 17 + +12 + 18 = 100

Ба ҷои квадратчаҳо ададҳои мувофиқро гузоред.

Амали ҷамъро батартиб иҷро накарда, суммаи 8 ҷамъшавандаро бо воситаи зарб

ва тақсим ёбед:

39 + 24 + 17+ 44+56+83+ 76+61

Масъала.

Вақте аз Умед пурсиданд, ки чандсола аст, чунин ҷавоб дод: «Агар аз адади серрақамаи хурдтарин адади дурақамаи хурдтаринро тарҳ кунед ва аз 10 1 ҳиссаи натиҷаи ададро ёбед, мефаҳмед, ки ман чандсолаам».

Дар машғулиятҳои оянда супоришҳо нисбатан мураккабтар мешаванд, ҳалли муодилаҳо, машқҳои шавқовар, масъалаҳои мантиқӣ дохил карда мешавад. Дар охири соли хониш бо иштироки ҳамаи хонандагони ин синфҳо ва волидайни онҳо гузаронидани машғулияти хотимавии маҳфил хеле муфид аст.

Хулоса, ҳамаи намудҳои корҳои беруназсинфӣ барои таълиму тарбияи хонандагони мактаб ахамияти калон дорад. Ҳар як намуди онҳо ба инкишофи ҳаматарафаи мактаббача таъсири мусбат мерасонад.  Ҳамаи намудҳои корҳои беруназсинфиро ба тарзи бозӣ гузаронидан мумкин аст, зеро бозӣ фаъолияти асосии хонанда ба шумор меравад. Бозиҳо дар бачагон тезфаҳмӣ ва рафтори бошууорона барин хислатҳои хуби инсониро парвариш мекунанд.

Гӯшаи математикӣ

Дар натиҷаи гузаронидани намудҳои гуногуни корҳои беруназсинфӣ аз фанни математика маводи фаровон ба даст оварда мешавад, ки бояд дар ҷои муайян нигоҳ дошт. Бо ин мақсад гӯшаи математикӣ ташкил карда мешавад, ки онро на танҳо барои нигоҳ доштани маводи ҷамъкарда, балки инчунин, нишондиҳандаҳои фаъолияти хонандагонро дар ҷараёни дарс ва берун аз он гузаштан мумкин аст. Масалан, дафтарҳои беҳтарин, албомҳое, ки дар он воқеаҳои марбут ба математикаи шавқовар гирд оварда шудааст. Инчунин, маълумотҳо аз ҳаёти деҳа, мактаб, ноҳия, колхоз ё совхоз, чистон, шеъру тезгӯяк ва ғайраро ҷойгир намудан мувофиқи мақсад аст. Ҷадвали орододашуда бо вазифаҳо барои ҳалли масъалаҳо, намунаҳо аз машқҳои гуногун низ ин ҷо ҷой дошта метавонад. Ин ба хонандагон имкон медиҳад, ки дар муддати байни корҳои беруназсинфӣ супоришҳои нав гиранд ва онро иҷро кунанд. Номи гӯшаи математикӣ бояд диққатҷалбкунанда бошад, то ки аз назари хонандагон дур намонад. Дар гӯшаи математикӣ рӯйхати хонандагон, вазифа дар давоми ҳафта ва лифофа ё сандуқча барои ҷавоби хонандагон шуданаш лозим аст. Вақте ки муҳлати иҷрои кор ба охир мерасад, муаллим корҳои хонандагонро тафтиш мекунад, баҳо мегузорад ва натиҷаашро дар таблитса ҷой мекунад. Хатоҳо дар вақти машғулиятҳои беруназсинфӣ ё баъди дарсҳо баррасӣ карда мешаванд.

Гӯшаи математикӣ аз тарафи хонандагон таҳти роҳбарии муаллим ташкил карда мешавад ва характери гуногун дорад:

Мисолу масъалаҳои ҷамъшударо дар дафтаре қайд карда, дар гӯша нигоҳ доштан;
Ба гӯша албом ташкил карда, дар хусуси соҳаҳои пешқадами вобаста ба математика расмҳо насб кардан;
Зери сарлавҳаи «Оё медонед?» маводҳо ҷамъ кардан.

Дар гӯша аёниятҳо барои гузаронидани корҳои беруназсинфӣ ё барои корҳои мустақилона ҷамъ оварда мешаванд.

Вақте ки дар гӯша супоришҳои гуногуну шавқовар ҷой дода мешавад, хонандагон барои иҷрои он фаъолона иштирок мекунанд ва одатан супоришҳои навро интизор мешаванд. Мумкин аст, ки дар як вақт 4-5 супориш дода шавад.

Толиб ШЕХИМОВ,
декани факултети риёзӣ —
педагогии коллеҷи омӯзгории
шаҳри Панҷакент