ФАРОНСА: ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МУКОЛАМАИ ВАЗИРОНИ КИШВАРҲОИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ОИД БА МАОРИФ

28-уми июни соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи иштироки Саммити муқаддамотии бознигарии низоми маорифи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар бахши муколамаи вазирони кишварҳои узви Шарикии глобалии маориф (GPE) ширкат варзида, оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи аснод барои ба даст овардани лоиҳаи сармоягузорӣ суханронӣ намуд.

Зимнан қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳияи созишномаи шарикии КОМПАКТ дар моҳи январи соли 2021 оғоз кард ва як гурӯҳи кории техникӣ таъсис дод, ки дар он бо Гурӯҳи ҳамоҳангсозии шарикони рушд (LEG) ва намояндагони Шарикии глобалӣ ҳамкории зич ба роҳ монд. Мавсуф изҳор дошт, ки зимни таҳияи ҳуҷҷат ба вазифаҳои муайянкардаи Стратегияи рушди маориф то соли 2030, ба монанди таҳсилоти салоҳиятнок, беҳтар намудани сифат ва натиҷаҳои таълим, таъмини таълим дар давоми ҳаёт барои ҳамаи кӯдакон бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шуд.

Ба андешаи вазир, шарти асосии муваффақ шудани Тоҷикистон дар ҷараёни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо риояи коршиносон ба тамоми талабот ва интизориҳои Шарикии глобалии маориф ҷиҳати таҳияи дархост барои дастгирии ислоҳоти низоми маориф ба шумор меравад.

Ба сифати тавсия ба дигар давлатҳо, истифодабарии модели нави амалиётии Шарикии глобалии маориф то соли 2025, ки механизмҳо ва абзорҳои худро дар банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи афзалиятҳо, муайян шуда буданд, мутобиқ ва корбарӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар раванди таҳияи ҳуҷҷатҳо барои муколамаи фарогири соҳаи маориф тавсия дода шуд, ки шароитҳои заруриро барои гурӯҳҳои маорифи маҳаллӣ фароҳам оранд ва имкони иштирок ва ҷалби ҳамаи шарикон дар ин раванд ба инобат гирифта шавад. Дар муколама вазирони маорифи дигар кишварҳои ҳузурдошта, низ суханронӣ намуданд. Дар охир аз ҷониби ширкаткунандагон муроҷиатнома ба Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шуд.