ВАҲДАТ – БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТ

Дар фароварди садаи бист – дар доираи вопасин даҳсолаи он халқи тоҷик ба ҳодисаҳое дучор омад, ки гардиши куллӣ дар ҳаёти ин халқи куҳанбунёд ба вуҷуд оварданд ва давлатдории тоҷиконро ба марҳилаи нав ворид сохтанд. Пайи ҳам (дар дарозои як даҳсола) омадани се воқеаи бағоят муҳим, ки барои аҳли кишвар ва барои бақои миллат тақдирсоз гардиданд ва ба таърихи бостонии озодазо-дагон ҷилои тоза, моҳияту муҳтавои нав бахшиданд, ҳодисаи воқеан ҳам беназир аст.

Ин  ҷо  мо  дастрасӣ  ба истиқлоли  давлатӣ (с.1991),  баргузории  Иҷлосияи шонздаҳуми  Шӯрои  Олии Тоҷикистон  (с.1992)  ва  тантанаи  Ваҳдати  миллиро  (с.1997) дар  назар  дорем.  Се  ҳодисаи мазкур, ки ҳар яке аҳамияту рисолати  барҷастаи  худро  доранд, ҷараёни минбаъдаи давлатдории тоҷиконро  муайян  карданд  ва ин халқи муаззамро ба шоҳроҳи бунёдкорию  созандагӣ  ворид сохтанд.  Соли  гузашта  дар  саросари Тоҷикистон ва дар бисёр кишварҳои  бо  мо  дӯст  сивумин солгарди  Истиқлоли  давлатии тоҷикон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.  Чӣ  хуш  аст,  ки  имсол пайи ҳам ду бузургвоқеаи таърихи миллат – сисолагии Иҷлосияи шонздаҳуми  Шӯрои  Олии Тоҷикистон, ки ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз  ҷойгоҳи  абадӣ  дар таърихи  миллат  дарёфтааст  ва биступанҷсолагии  ба  имзо  расидани  Созишномаи  истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ки ҳамчун фархундатарин  рухдоди  ҳаёти тоҷикон номи Рӯзи Ваҳдати миллиро  гирифтааст,  таҷлил  мешавад. Ин ҳар ду воқеаи пурнишоту бахтовар, ки аз сарчашмаҳои саодати  миллат  маҳсуб  мешаванд,  маҳз  ба  шарофати  хиради бунёдиву  ниҳоди  некбинонаву хайрхоҳона  ва  хисоли  ватанпарваронаву  ҳақиқатгустари абармарди дунёи сиёсат, фарзанди  садоқатпешаву  қавииродаи халқи  тоҷик  Эмомалӣ  Раҳмон аҳамияти  беназир  ва  неруи муқтадир  пайдо  кардаву  мамлакатро ба арсаи бахту иқболи баланд  вуруд  сохтанд.  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  маънои  томи  сухан меъмори  сулҳи  тоҷиконанд. Ҳамбаста  ба  талошҳои  пайваставу  ҷоннисоронаи  ин  Сарвари  беҳамто  кишвари  маҳбуби мо  муҳликтарин  монеаву вартаҳоро  дар  роҳи  сулҳу  субот  бартараф  карда,  ба  рӯзҳои неку саид ва фараҳбор расид. Аз нахустлаҳзаҳои  ба  сари  қудрат омадан  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба  ҳам  овардани  халқи азизи  парешонгаштаи  хеш  ва

ба  маҷрои  амнияту  осоиштагӣ кашидани  зиндагии  аҳли  мамлакати  тозаистиқлолро  волотарин  ҳадафу  нияти  худ  эълон карданд  ва  чун  ин  гуна  нияти нек доштанду дили пок батадриҷ ба  ҳадафҳояшон  расиданду  саодатбахши халқ шуданд. Ваҳдати миллӣ,  ки  бо  азму  иродаи  Пешвои миллат дар Тоҷикистон тантана кард, рухдоди тамоман нав ва беҳамто дар таърихи тоҷикон буд  ва  ҳатто  дар  таърихи  ҷаҳон сафҳаи  тозае  ворид  сохт.  Аз  ин ҷост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди  таваҷҷуҳи  Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифт ва аз ҷониби як қатор давлатҳои бархӯрд  ба  ихтилофоти  дохилӣ дошта  ҳамчун  дастури  саодатофар  ба  роҳбарӣ  гирифта  шуд. Аҳли адаби тоҷик Сарвари кишварамонро  Қаҳрамони  ваҳдат номидаанд,  ки  баҳои  баланду воқеист.  Дар  бораи  корномаи қаҳрамононаи  Меъмори  сулҳи тоҷикон  садҳо  рисолаву  китобу  мақолаву  пажуҳиш  сари  кор омадааст,  вале  ба  гумон  ғолиб, ин корномаи барҷаста ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ баррасӣ нашудааст, чун  бо  гузашти  айём  моҳияти он  барҷастатар  аён  мешавад,

шукӯҳу  шаҳоматаш  меафзояд. Муҳимтар  аз  ҳама,  бо  мурури солҳо  таъкиду  собит  гашт,  ки ваҳдати  миллии  тоҷикон  заволнопазир  аст,  кохи  муҳташами устувору  побарҷост.  Вобаста  ба ин  қазоват  бамаврид  аст  ёдовар аз  гуфтаҳои  зерини  басо  ватанпарастонаи  Пешвои  миллат  бишавем:  «Ҳоло  мо,  ҳама,  аз  он ифтихор  дорем,  ки  тоҷикон  аз имтиҳони  бисёр  сахту  сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради  азалии  худ  ба  мухолифати мусаллаҳона  ва  ҷанги  таҳмилии шаҳрвандӣ  хотима  бахшиданд, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд  ва  имрӯз  дар  фазои сулҳу  суботи  комил  бо  азму  талоши  содиқона  Ватани  маҳбуби худро  ободу  зебо  гардонида  истодаанд.  Бинобар  ин,  ҳар  як

шаҳрванди  мамлакат,  сарфи назар  аз  мансубияти  милливу динӣ  ва  ақидаи  сиёсии  худ  бояд бо  ҳисси  баланди  худогоҳиву ватандӯстӣ  истиқлолияту  озодӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо,  асоси  суботу  оромӣ  ва пешрафту  ободонии  кишварамон  муқаддас  шуморад  ва  онро ҳифз намояд».

Ба  шарофати  Ваҳдати миллӣ  дар  Тоҷикистон  сохти  конститутсионӣ,  қонунияту тартибот,  фаъолияти  шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳо ба куллӣ устувору пурбор гашт, барқарорсозии  маҳалҳои  зисти  валангоршуда  ва  биноҳои сӯхтаву  тороҷгашта  шуруъ шуд.  Минбаъд  раванди  пастравии  иқтисодиёт  боздошта,  дар ҷумҳурӣ  тадриҷан  марҳилаи рушду  пешрафт  оғоз  гардид  ва дар  натиҷа  сатҳу  сифати  зиндагии аҳолӣ рӯ ба беҳшавӣ овард. Дар  як  давраи  начандон  тӯлонӣ дар саросари мамлакат бунёд ёфтани  иншооти  нави  иқтисодию фарҳангӣ,  омодасозии  ҷойҳои нави  кор,  коркарду  обёрии заминҳои  нав,  ислоҳоти  соҳаи маориф,  рушди  илму  фарҳанг, бунёди  неругоҳҳои  барқи  обӣ, кандани  нақбҳову  таъмири  босифати  роҳҳо…  пайванди  қавӣ бо шарофати ваҳдат доранд. Боз ҳам  аз  файзи  ваҳдат  обрӯву  эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи  байналмилалӣ  хеле  боло рафт  ва  тоҷикон  дар  тамоми олам  чун  мардуми  ваҳдатофару хайрхоҳ  шинохта  шуданд. Ваҳдати миллӣ ба такомули маънавии  халқи  тамаддунпарвари мо мусоидат кард. Ҳамагон бори дигар ба бартарии сулҳу ваҳдат, ҳамзистии  осоишта  ва  дӯстиву рафоқат  имон  оварданд  ва  дар ҷодаи  ободонии  Ватани  маҳбуб ҳамдилу  якмаром  шуданд, ҳифзи  дастовардҳои  истиқлолу ваҳдатро  афзалтар  аз  ҳама  донистанд.  Ҳисси  ҳувияту  ифтихори  миллӣ  ва  меҳанпарастии мардуми  диёр  боз  ҳам  боло рафту  тақвият  ёфт.  Ба  ибораи дигар,  рӯйдоди  нодири  таърихӣ –  Ваҳдати  миллӣ  дар  дилу  шуури  шаҳрвандони  кишвар ҳисси  эҳтиром  ба  Тоҷикистони соҳибистиқлол  ва  муқаддасоти Ватанро  неруи  муҳтадир  эҳдо намуда,  ба  онҳо  эътимод  бахшид,  ки  миллати  бостонгуҳари тоҷик  метавонад  бо  ҳамин  ғояи наҷотбахш  –  ваҳдати  бегазанди  саросарӣ  ба  ободкориву созандагӣ  машғул  шавад  ва  барои  ояндагон  як  Ватани  ободу зебою фанонопазир ба мерос гузорад.

Ваҳдати  миллии  тоҷикон  дар қатори тамоми соҳаҳои дигар ба пешрафти  бесобиқаи  соҳаи  маорифи  ҷумҳурӣ  мусоидат  кард. Ин қазияро метавон дар мисоли фаъолияти  Донишкадаи  тарбияи  ҷисмонии  Тоҷикистон  ба номи  С.Раҳимов  низ  ба  исбот расонд. Соли гузашта мо ҷашни солгарди  нимасраи  донишкадаро таҷлил намуда будем, ки дар сатҳи баланд баргузор гашт. Эътибори  волои  ин  боргоҳи  олии варзишгарон  буд,  ки  дар  ин ҷашн  дар  баробари  меҳмонони баландмақом аз ниҳодҳои бонуфузи  кишвар  аз  хориҷи  мамлакат низ гурӯҳи калони меҳмонон –  шахсиятҳои  маъруф  иштирок карданд  ва  ба  фаъолияти  донишкада  баҳои  баланд  доданд. Воқеан,  мактабии  олии  мо  соли 1971  таъсис  ёфтааст  ва  он  дар даврони  Шӯравӣ  бист  сол  амал

дошт,  аммо  воқеияти  бебаҳс аст,  ки  давраи  рушду  пешрафт ва комёбиҳои пайвастаи донишкада  маҳз  ҳамбаста  ба  даврони истиқлоли ҷумҳурӣ мебошад.

Самараи истиқлол ва Ваҳдати миллист,  ки  имрӯз  донишкада соҳиби  майдону  толорҳои  ободу  муҷаҳҳази  варзишӣ,  биноҳои таълимию  хобгоҳ  ва  иншооти ёрирасони  зебову  барҳаво  гардидаасту  теъдоди  факултетҳояш ба панҷ ва шумори кафедраҳояш ба ҳаждаҳ адад расидааст. Ин ҷо айни  замон  вобаста  ба  58  ихтисос  варзишгарону  мутахассисон омода  карда  мешаванд.  Донишкада бо шогирдони шуҳратёраш ифтихор  дорад.  Агар  солҳои пешин  варзишгарони  мумтоз

Сайидмуъмин  Раҳимов,  Азалшо Олимов,  Зебунисо  Рустамова, Андрей  Абдувалиев,  бародарон Лобановҳо,  Анатолий  Старостин,  Аҳтам  Раҷабов,  Эрика Шиллер…  шуҳрати  варзиши мамлакатро боло бурда бошанд, дар даврони истиқлол комёбиҳои ҷумҳуриро  дар  арсаи  варзиши

ҷаҳонӣ  шогирдони  фаъоли  мо Дилшод  Назаров,  Шералӣ  Достиев,  Анвар  Юнусов,  Акмалиддин  Каримов,  Расул  Боқиев, Мавзуна  Чориева,  Муҳаммад Абдураҳмонов, Беҳрӯз Хоҷазода, Хушқадам  Хусравов,  Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов… таъмин  карданду  мекунанд. Ҳоло  беш  аз  400  донишҷӯи  донишкада  марбут  ба  58  намуди

варзиш  узви  дастаҳои  мунтахаби  варзишгарони  мамлакат  мебошанд.  Дар  донишкада  ҳайати бонуфузи  устодон  фаъолият  дорад.  Аз  шумори  умумии  устодону  донишҷӯёни  мо  100  нафар Устоди  дараҷаи  байналмилалӣ, 1300  нафар  устоди  варзиши Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  1842 нафар  номзад  ба  устоди  варзиши ҷумҳурӣ мебошанд. Аҳли донишкада, ҳамчунин, дар тамоми маъракаҳои  ободонӣ  ва  илмию фарҳангии  кишвар,  махсусан, шаҳри Душанбе иштироки фаъолу пурсамар доранд. Шогирдони мо  натанҳо  ҷисман,  балки  маънаван  низ  обутобёфтаанд  ва  ба ватандӯстиву  ифтихори  миллӣ, ҳифзи  арзишҳои  волои  миллат –  истиқлолу  ваҳдат  арҷ  мегузоранд.

Дар  қатори  тамоми  сокинони  Тоҷикистони  азиз  мо  –  аҳли ДТҶТ  ба  номи  С.Раҳимов  низ Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихори  баланди  ватандорӣ  ва  бо дастовардҳои шоиста пешвоз мегирему  таҷлил  менамоем  ва  шарафманд  аз  онем,  ки  дар  оғӯши гарму гуворои чунин Ватани зебову дилоро кору зиндагӣ дорем.

Мардуми тоҷик дорад иттиҳод,
Ваҳдати мо то абад поянда бод!

Шодӣ САФАРОВ,
ректори ДТҶТ ба номи С.Раҳимов, профессор