АЗ МЕХ ТО НАЪЛИ АСП

Аз гуфтаи бузургон, “таърих ду бор такрор меёбад: бори аввал фоҷиавор, бори дувум мазҳакавор”.

Мутаассифона, ҳикмати гузаштагонро на ҳама мавриди риоят  қарор дода, оқибат сар ба гирдоби нокомиву  фоҷиаҳо  фурӯ  мениҳанд.  Нафароне, ки ҳукми қадимӣ будани худ ва бар дигарон авлавият доштанро ҷавҳари ҳаёташон пиндоштаанд, гирифтори бемории сахти худбиниву худхоҳӣ ва нигилизми воқеияти  таърихӣ  гардидаанд.  Чунин беморӣ  хоси  на  танҳо инсонҳову  созмонҳо,  балки  баъзе давлатҳо  ҳам  ҳаст,  ки  дар  имтидоди таърихи  гузашта  ҷойгоҳе  надоштаанд, аммо даъвои беасоси солор будани худро пеш мегузоранд.

Аз ҷумла, наҳзатиҳои Тоҷикистон иддао менамоянд, ки 50 сол  собиқаи таърихӣ доранд. Ҳанӯз соли 1973 дар шаҳри  Қӯрғонтеппа  таъсис  додани ҳизбашонро  тӯтивор  гӯшзад  мекунанд, ки аз воқеият фарсахҳо дур аст. Барои равшанӣ дохтан ба ин масъала ба бойгониҳои  ҷумҳурӣ  сар  задем  ва тамоми маводи 50 соли охири дар ин махзанҳо  мавҷударо  ҷустуҷӯ  намудем.  Иловатан, нусхаҳои нашрияҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳуриамонро, ки дар ин давра ба дасти чоп расидаанд, омӯхтаву мавриди таҳлилу таҷзия қарор додем. Дар натиҷа аён гардид, ки ҳизби мазкур дар таърихи давлату миллатамон аслан ҷойгоҳе надоштааст ва кулли эъломияҳои роҳбарияти он дар мавриди собиқаи тӯлонӣ доштанашон воҳимаву муболиғае беш набудаанд.

Санаду далелҳо баёнгари онанд, ки рӯҳониёни ҷангҷӯйи дар он замон пинҳонӣ амалкунанда “ҳалқаҳои таълимоти динӣ”, “мавлавихониву ҳофизхонӣ”, “маҳфилҳои пӯшидаи таровеҳу намозу тақводорӣ”-ро бо таъсиси созмони сиёсӣ-динӣ даромехта, ҳамагон, аз ҷумла, муҳаққиқони соҳаро ба гумроҳӣ андохтаву  гоҳо муваффақ ҳам шудаанд.

Таърихнигорони  варзидаи Шӯравӣ  Р.Медведев,  Э.  Радзинский, Л. Мчелин, В. Наумов, Б.А. Литвинский, В.В. Бартолд, Е. Э. Бертелс  ва  дигарон, ки воқеаҳои таърихии замони Шӯравӣ, аз ҷумла, ҶШС  Тоҷикистониро  мӯшикофона пажӯҳиш  кардаанд,  сатре  дар  бораи ҳаёту  фаъолияти  наҳзатиҳо  нанавиштаанд. Аслан, дар гӯшаи хотираи илмӣ  ва  таърихии  олимони  тавоно нуктае  аз  ҳизби  наҳзатсозӣ  дар  миён нест.  Агар наҳзатиҳо  субъекти  ҳатто диние  дар  ҷумҳурӣ  мебуданд,  дар ВАО  ва  рисолаҳои  илмӣ  аз  ин  ҳолат то соли 1991 ҳатман ишорате мерафт. Гуфтаи зерини сиёсатмадори амрикоӣ Ҷ. Франклин, дар мавриди таъсиси ин созмони моҷароҷӯ созгору сабақомӯз аст: “Гоҳо  беэҳтиётии  андак  ба  бадбахтии  калон  меорад;  аз  нарасидани як мех наъл гум мешавад; аз нарасидани наъл асп гум мешавад; аз нарасидани асп савора аз даст меравад ва душман  ӯро  дармеёбад,  мекушад.  Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ғами мехи наъли аспро сари вақт нахӯрдем”.

Воқеан, мо, тоҷикон, ҳам аз аввал ғами  ҳамин  мехро  нахӯрдем  ва  барои воридшавии ин ҳаракати ифротӣ солҳои 90-уми асри гузашта роҳро барояш ҳамвор кардем.

Аз ин  бетарафиву  карахтии мақомоти  дахлдору  авоми  гаправу  ноогоҳамон истифода бурда, наҳзатиҳои зархариду бегонапарасту космополит анқариб бунёди давлату миллатдориамонро аз миён  бармедоштанд ва моро дигарбора ғуломи ҳалқабаргӯши аҷнабиён  мегардониданд.

Хушбахтона, баъди муборизаҳои тӯлонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони диловари  ватанамон  таҳти  роҳбарии оқилонаву  дурбинона  ва ҷасуронаи Қаҳрамони Тоҷикистон-Сарвари муаззами давлату миллатамон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, манъи фаъолияти созмони  экстремистию  террористии Ҳизби наҳзати ислом ва фирори масъулинаш  ба хориҷи кишвар, мардуму сарзамини шарифамон дар  пайи  созандагиву бунёдкорӣ афтоданд.

Аммо, мутаассифона, масъулону ҳидоятгарони ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун  фирор  карда,  дар  хориҷа панаҳ  бурдаанд,  бо  вуҷуди  заифу нотавон  буданашон,  то  ҳол  аз  роҳи зӯроварию  тундгароӣ  ва  мақсадҳои разилонаашон барнагаштаанд. Ин гурӯҳи аҳриманӣ ба ғуломи душманони Тоҷикистон табдил ёфта,  супоришу  дастури ононро  иҷро  ва  ба  хотири  манфиати  молӣ  ба  ватану миллат ва дину мазҳаби худ хиёнат мекунанд. Амалҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, дар расонаҳои хабарӣ ба дурӯғпароканию  иғвогариҳои зиддимиллӣ машғуланд.

Роҳбари ин ташкилоти террористӣ, ки аз ҳисоби хоҷагони  хориҷиаш солҳои  зиёд  сарват  ба  даст  овардааст, ҳатто баъди фирор аз зодгоҳ ҳам дар  ивази  иқдомоти  ватанфурӯшию амалҳои  зиддимиллиаш  ба ҷамъоварии  пулу  мол  машғул  аст. Нашармида аз  демократия,  ҳуқуқи инсон ва озодӣ сухан мегӯяд, аммо аз маҳрумияту бадбахтиҳои дар давоми 30 соли охир ба сари мардуми тоҷик овардаи ҲНИ ёдовар намешавад.

Имрӯз  ҳам  ҷинояткорони  муздур душманию  тахрибкории  худро  бар зидди  ватану  миллат  идома  дода  истодаанд,  ки  ҳаводиси  рӯзҳои  охир дар  вилояти  Бадахшони  кишвара-мон  рухдода  гувоҳи  равшани  онанд. Аммо душманони миллат ҳаргиз дар амалисозии мақсаду ниятҳои нопокашон ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд, зеро акнун мардуми  Тоҷикистон  ва муҳоҷирон  ҳам  аз  паси  чунин  палидони  нохалаф  намераванд,  ҳаргиз онҳоро дастгирӣ намекунанд.

Ифротиёни  навбаромад  равшану возеҳ бояд бидонанд, ки ҳар гуна эътилофу  ҳамкорӣ  бо  душманони  миллат ҷиноят асту ҷавобгарӣ дар назди қонун дорад. Пайвастан ба хиёнаткорон хиёнат ба ватану миллат аст.

Ҳодисаву воқеаҳои чанд моҳи охир дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон  нишон  медиҳанд,  ки наҳзатиён  аз  ҳар  гуна  шахсу  гурӯҳҳо ва  одамони  бетафаккур,  асолатбохта  ва  ҳатто  нашъамандону  беморҳо барои  ноором  намудани  ҷомеа  истифода  бурданӣ  мешаванд.  Дар ин ҳолат  ҳар  як  шаҳрвандро  зарур  аст, ки  ҳамеша  ҳушёру  зирак  бошанд,  то бозичаву қурбонии дасисаҳои хоинон нагардад.

Хайрулло РАҶАБАЛИЕВ,
ходими калони илмии Маркази мероси хаттии назди раёсати АМИТ